Соҳибкорон захираи тиллойии кишваранд

Ҳамгиройӣ омили асосии рушд аст

№107 (3092) 27.08.2013

Баргузории мулоқоти раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Иноятов бо соҳибкорони зодаи ин ноҳия ва шарикони онҳо, ки дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат фаъолият доранд, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти ин минтақаи дурдасти кӯҳистони кишварамон оғоз хоҳад бахшид.

 

Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: «Зарур аст, ки ҷиҳати афзун кардани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои иловагии судмандро амалӣ намоем». Табиист, ки яке аз чунин тадбирҳо тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунҷанба байни давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб меёбад ва вусъат ёфтани ин раванд метавонад дар беҳбуд бахшидани бахшҳои гуногуни ҷомеа нақши бориз гузорад. Бесабаб нест, ки Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ мунтазам масъулинро баҳри ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ибтикороти соҳибкорон муваззаф менамояд. Ин нукта зимни мулоқоти раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Иноятов бо соҳибкорони зодаи ноҳияи мазкур ва шарикони онҳо таъкид гардид. Зимни суханронии ифтитоҳии худ мавсуф, аз ҷумла зикр намуд, ки давоми солҳои охир бо ибтикори бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба андешаи Неъматулло Иноятов, маҳз чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида, махсусан қонунигардонии молу мулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни давлат ва бахши хусусӣ, инчунин қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» ба рушди бахши соҳибкории хурду миёна ва вуруди беш аз пеши сармояи хориҷӣ ба мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Аз суханони раиси ноҳия маълум гашт, ки ҳамрадиф бо дигар навоҳии кишвар, давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ноҳияи дурдасту кӯҳистони Айнӣ низ дар тамоми ҷанбаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сокинони он бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кору пайкор намуда истодаанд. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини рушди бахши соҳибкорӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мусаллам аст, ки бе мавҷудияти манбаъҳои маблағгузорӣ ривоҷи фаъолияти ин ё он бахшро умедвор гардидан мантиқан нодуруст аст. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки раванди пешниҳоди қарз аз ҷониби филиалҳои бонкҳо ва намояндагиҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд ба бахши соҳибкорӣ густурдатар гардад. Бино ба гуфтаи Неъматулло Иноятов, соли гузашта аз ҷониби филиалҳои бонкҳои дар ноҳия мавҷудбуда ба бахши фавқуззикр 5,8 миллион сомонӣ ва аз тарафи ташкилотҳои хурди қарзии назди ҷамоатҳои деҳот 7,5 миллион сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2011-ум 3,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Соли равон барои боз ҳам вусъат бахшидани ин раванд дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои молиявии зикршуда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳем кард,- мегӯяд раиси ноҳия. Дар раванди мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки айни замон корҳои бунёдкориву созандагӣ дар тамоми ноҳия босуръат ҷараён дошта, ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур бо ҷалби соҳибкорон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат боз ҳам вусъат бахшидани ин раванд аст. Раиси ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд гардидани як силсила иншоот, аз қабили маркази тиҷорат, толори варзишӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан, меҳмонхонаи замонавӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, коргоҳи истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайраро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин ҷода саҳмгузор бошанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он буд, ки Неъматулло Иноятов  дар раванди мулоқот ба иштирокчиёни он таври мушаххас лоиҳаҳои зиёдро, ки амалӣ намудани онҳо ба беҳбуд ёфтани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия, ғанӣ гардидани буҷети он, фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам ободу зеботар гардидани ҳудуди ноҳия мусоидат менамоянд, пешниҳод намуд. Лоиҳаҳои аз ҷониби раиси ноҳия ба ҳозирин пешниҳодшуда гуногунҷанба буда, бунёди варзишгоҳи муҳташам, ҳаммом, корхонаи коркарди мева, марказҳои фарҳангӣ, коргоҳи хушкашӯйӣ, меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, чойхонаҳо, корхонаи коркарди санг, марказҳои сайёҳӣ, боғоти нав ва ғайраро дар тамоми деҳотҳои ноҳия дар бар мегиранд. Мавсуф ҳозиринро муътақид намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи қонунгузории ҷории мамлакат баҳри татбиқи ин лоиҳаҳо ба соҳибкорон  ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки то ҳоло дар ҳудуди ноҳия корхонаи коркарди мева вуҷуд надорад, ҳол он, ки ноҳияи Айнӣ бо меваҳои хуштаъми худ шуҳратёр аст. Вобаста ба ин масъала Неъматулло Иноятов ба соҳибкорон бобати дар ояндаи наздик бунёд намудани чунин корхона дастуру ҳидоятҳо дода, аз натиҷаҳои мусбат ба бор овардани фаъолияти ин коргоҳҳо дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашт ёдовар шуд.Мавриди истифода қарор додани корхонаҳои коркарди санг ва истироҳатгоҳҳои маҷмуӣ дар мавзеъҳои зебоманзари ноҳия низ аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқоти мазкур буданд. Номбурда ба масъалаи бунёди боғоти нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, минҷумла гуфт, ки солиёни пеш бо вуҷуди зиёд арзёбӣ гардидани раванди мазкур татбиқи воқеии он таври бояду шояд таъмин карда намешуд. Ҳоло бошад, мо ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир намуда истодаем ва самараи ҷаҳду талошҳоямон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ 16 гектар боғоти нав бунёд гардид. Гуфтан бамаврид аст, ки ин нишондиҳанда на дар рӯйи коғаз, балки воқеист, хулоса намуд мавсуф.

Дар навбати худ ҳозирин аз иқдоми раиси ноҳия бобати ташкил намудани мулоқоти мазкур ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро баҳри саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида изҳор доштанд. Зикр гардид, ки баргузории ин  мулоқот дар таърихи мавҷудияти ноҳия беназир буда, маротибаи аввал доир мегардад. Ин омил бино ба гуфти соҳибкорон далели возеҳи он аст, ки раиси ноҳия Неъматулло Иноятовро ҳадаф танҳо бунёдкориву созандагӣ ва ободии ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон аст, на чизи дигар.

-Бинобар ин, саҳмгузорӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои нек қарзи шаҳрвандии мост ва мутмаинем, ки якҷоя марҳилаи сифатан нави рушду тарққиёти ноҳияро шуруъ менамоем, — муътақид буданд иштирокчиёни мулоқот.

Ба андешаи инҷониб  низ баргузории чунин мулоқотҳо дар шароити кунунӣ хеле муҳиму саривақтӣ буда, пайравӣ намудани роҳбарони дигар шаҳру навоҳии кишвар ба он ба манфиати кор хоҳад буд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»