«Рушди мунтазами бахши фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу раёсати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодиву анъанаҳои мардумии фарҳангсолори моро ташаккул медиҳанд, дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Чанде қабл дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб даври 7-уми Фестивали «Мероси фарҳангии Шайх Зайд – ал -Таросӣ» бахшида ба 46-солагии таъсиси Амороти Муттаҳидаи Араб ва 100 — солагии асосгузори АМА Шайх Зайд – ал — Таросӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони 24 кишвари дунё, аз ҷумла ҳунармандони кишвар иштирок намуданд.
Дар робита ба ин суҳбате доштем бо роҳбари ҳайат, директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Хоҷа Насриддинов.
- Ба ҳамоиш чӣ гуна барнома омода кардед?
- Дар маркази шаҳр шаҳрчаи афсонавӣ сохтанд, ки ҳар як кишвар ҷойи алоҳида дошт. Мо хаймаи худро ба таври миллӣ ҷиҳозонидем.
Вақте сурати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шайх Зайд – ал- Таросӣ ва писари ӯ шайх Муҳаммад — шаҳрдори шаҳри Абу – Дабӣ диданд, аҳли ҳамоиш моро филфавр шинохтанд ва хеле хуб пазироӣ намуданд. Мо берун аз кишвар маъруфияти Пешвои миллатро бори дигар эҳсос намуда, ифтихор кардем.
Барномаи омодакардаи мо аз ду қисм — фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ иборат буд. Гурӯҳи рақсӣ иборат аз 6 ҳунарпешаи маъруф — Латофат Юсуфова, Манзура Бобоева, Ҷамила Абдуллоева, Зулфия Раҷабова, Гулнисо Сафоева ва Заррина Маҳмудова, санъати волои миллиро муаррифӣ карданд.
Баъди ҳар як баромад ман дар бораи рақс, сару либоси рақсӣ, хусусиятҳои он маълумот додам.
Хоса, рақси «Қошуқ»-и Гулнисо Сафоева ва рақси «Остин»-и Манзура Бобова ба тамошобинон хеле писанд омад.
Инчунин, зимни суҳбат бо ҳунармандони покистонию афғон, ҳинду озарӣ дар бораи ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, минҷумла гуфтем, ки Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳамсуҳбатон ба Пешвои миллат таҳсин гуфтанд. Мо аз ин хеле ифтихор кардем.
- Вақте бо забони тоҷикӣ баромад кардед, шуморо фаҳмиданд ё тарҷумон доштед?
- Рӯзи аввали фестивал сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифзода ба наздамон омада, моро ба ҳайати доварону мизбонон муаррифӣ кард. Таъкид намуд, ки бо забони тоҷикӣ баромад кунем, то онҳо лаҳни ширину гуворои моро эҳсос намоянд.
Дар ҳузури онҳо ман байти машҳури устод Рӯдакӣ:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон
-ро хондам. Ҷавони ҳушманде шеърро дарҳол тарҷума кард. Онҳо аз маънии шеър мафтун гаштанд.
- Армуғонҳои пешниҳодгашта то чӣ андоза ҷолиб буданд?
- Дар намоиш ба маъраз гулдӯзиҳои тоҷикӣ, аз ҷумла сӯзаниҳои минтақаҳои Кӯлоб, Рашт, Бадахшон, Суғд, куртаи чакан, тоқӣ ва либосҳои зардӯзӣ, кафшҳои зардӯзӣ, корд ва ханҷару шамшерҳои миллӣ гузошта шуд.
Хоса, маҳсули наққоши умедбахш Комронҷон Каримзода хеле таваҷҷуҳбарангез буд. Боиси ифтихор буд, ки табақҳои мудаввару мунаққаш, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва арғумони аз гилу гаҷ сохташуда даст ба даст мегашт.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»