Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 26-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва эътибори хоса пайдо намуд. Маҳз бо кору пайкори Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва таърихӣ аз нав ба ҳам омада, дар роҳи созандагӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Мисоли инро метавон дар татбиқи барномаҳои байналмилалӣ бахшида ба ҳалли проблемаҳои об мушоҳида намуд, ки аз татбиқи онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик манфиат мебардоранд.
Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуд, иқдоми башардӯстонаест, ки дар амал татбиқ намудани он ба миллиардҳо сокини сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.
Ҳадафи аслии он арзёбии пешравиҳо дар самти дастёбӣ ба аҳдофи даҳсола ва муайянсозии талошҳои минбаъда баҳри таъмини рушди устувори захираҳои об мебошад. Даҳсолаи нав бо мақсади таъмини дастрасӣ ва устувории хизматрасониҳо, робитаҳои байнисохторӣ матраҳ гардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи беҳдоштӣ имкониятҳои вижаеро фароҳам меорад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки айни замон наздик ба як миллиард аҳолии сайёра ба оби босифат дастрасӣ надоранд, хусусан кӯдакон азият мекашанд.
Минтақаҳои кӯҳӣ дар таъмини қисмати зиёди аҳолии ҷаҳон бо оби тоза нақши бузург мебозанд. Чунончӣ, зиёда аз 50 миллион нафар аҳолии Осиёи Марказӣ аз файзи пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Тён — Шон бархӯрдоранд. Вале дар баробари омилҳои табиӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва сарфаи беҳудаи об боиси камшавии ҳаҷми захираҳои ин неъмати бебаҳо гардида, эҳтимоли эҷоди хатарҳоро ба бор меорад. Аз ҷумла, бар асари муносибати нодуруст ба табиат ва манбаъҳои обӣ аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар сурати пешгирӣ нашудан хавфи обхезӣ ва дигар офатҳои маргборро дар пай хоҳад дошт.
Масъалаи чӣ тавр таъмин намудани дастрасии устувор ба оби нӯшокии бехатар ва шароити бунёдии санитарӣ аз қисматҳои муҳими стратегии рушди иқтисодии кишварҳои нодор ба шумор меравад. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои он ва дигар созмонҳоро водор месозад, ки арзёбии фарогири дастовардҳо дар раванди татбиқи даҳсола ва идомаи талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшудаи марбут ба обро анҷом диҳанд.
Тоҷикистон дар симои Сарвари худ бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, бахусус дар масоили марбут ба об, мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст, ки ба иттифоқи оро қабул гардидани қатъномаи мазкур далели бебаҳси гуфтаи болост. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимият ва нақши асосии об ҳамчун манбаи ҳаёт борҳо аз минбарҳои сатҳи баланд суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба истифодаи оқилона ва ҳифзи воқеии захираҳои ин неъмати бебаҳо ҷалб намудааст. Талошҳои Роҳбари мамлакат вобаста ба масоили об, ҳифзу нигоҳдошти захираҳои обӣ, сатҳи некуаҳволии инсониятро кафолат дода, оқибатҳои фалокатборро ҷилавгирӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қобили таваҷҷуҳи аҳли башар аст. Он ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлатҳо дар масъалаи захираҳои об ва дарёфти роҳи ҳалли босамари таъминоти аҳолӣ, соҳаҳои хоҷагии халқ бо об ва мушкилоти дигари вобаста ба он заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегияи рушд ва Барномаи стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар маҷмӯъ, даҳсолаи байналмилалии зикршуда як қатор мушкилот, махсусан иқтисодӣ ва иҷтимоии вобаста ба обро ҳаллу фасл намуда, ҷиҳати мубориза бо офатҳои табиӣ, дастгирии соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ғайра мусоидат менамояд.
С. Ориёнфар