- Шаҳри Панҷакент бо таърихи ғанӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ аз минтақаҳои муҳими мамлакат маҳсуб меёбад. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Панҷакент борҳо таъкид намуда, аз ҷумла гуфтанд, ки: «Мардуми Панҷакент фарҳангдӯст ва тамаддунсозанд». Воқеан, ҳини боздидҳо Пешвои миллат борҳо шаҳраки бостонии Саразм, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз назар гузаронданд ва маҳз бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки бостонии Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ – бостоншиносӣ эълон ва соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гардида, атрофи он панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёт обод шуд. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид намудани шаҳристони Панҷакенти қадим идома дорад.
Натиҷаи ҳамин боздидҳои Пешвои миллат буд, ки оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд бо тарҳи нав, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷдид гардид, роҳи Айнӣ – Панҷакент азнавсозӣ шуд ва имсол дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз хатти баландшиддати барқи Айнӣ-Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
То ҷашни Наврӯзи Аҷам, ҳамчунин дар шаҳр бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, гулгашт бо тарҳи нави муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, кӯдакистони нав, варзишгоҳи марказӣ баъди таҷдид ба истифода дода мешаванд.
Ёдгориҳои беназири таърихие, ки зикр гардиданд ва манзараҳои нотакрори табиати Панҷакент ифодагари муҳтавои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳастанд.
Дар ҷашни Сада, ки дар гулгашти Рӯдакии шаҳр бо риояи суннатҳои қадимӣ таҷлил шуд, садҳо нафар ҳунарманд, хоса бонувон, намунаи ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Зардӯзиҳои зебо, кашидадӯзӣ, атласу адрас, гилемҳои дастибоф, рӯйҷо, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои мисин, маҳсулоти гуногуни оҳангарӣ, кандакорӣ бозгӯкунандаи ҳунари волои мардум буданд, ки дар доираи нақшаи ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рушд ёфта истодаанд. Дар заминаи рушду такмили ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳони хориҷӣ армуғонҳои зебо, ки муаррифгари таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик хоҳанд буд, омода кардан мумкин аст.
ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва инро бозёфтҳои нодири аз ҳафриёти шаҳраки бостонии Саразм ва шаҳристони Панҷакенти қадим ёфтшуда собит менамоянд. Ду сол муқаддам дар ҳафриёти қалъаи Санҷаршоҳ, ки ёдгории асрҳои VI-VII мелодӣ аст, бори нахуст намунаи либоси пашмин ёфт гардид, ки бо ҳунари воло бофта ва дӯхта шудааст.
Гузаштагони ин сарзамин аз қадим ба ҳунармандӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ машғул буданд. Аз ин ҷост, ки олимон шаҳраки бостонии Саразмро яке аз марказҳои пайдоиши ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 барои ташаккули ин соҳаҳо, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, ба ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ, хоса бонувон, фурсати муносиб аст. Барои ҷалби сайёҳон ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат заруранд, вале шароит барои қабули меҳмонон ҳанӯз мувофиқи мақсад нест. Аз ин хотир, бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон ҳоло ба 11 адад расидааст, соҳибкорон солҳои охир меҳмонхонаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ, чойхонаҳо бо нақшу нигори миллӣ бунёд намуданд. Хатсайрҳои нави сайёҳӣ низ таҳия мешаванд. Ҳоло дар ду мавзеи мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон – Ҳафткӯл ва Кӯли калон пойгоҳҳои нисбатан муҷаҳҳази пазироии сайёҳон ва куҳнавардон амал мекунанд.
Сайёҳӣ соҳаест, ки рушди он ба кишвар бевосита ё бавосита сармоя ворид мекунад. Бо рушди он даҳҳо нафар ба кор ҷалб ва соҳиби даромад мегарданд. Аз ин таҷриба аҳолии шаҳр солҳо боз истифода мебаранд, аз ҷумла, аз хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ даромад мегиранд. Аз хизмат ба сайёҳон меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, соҳибони нақлиёти мусофирбар низ суд мебардоранд.
Бо ҷалби бештари сокинони шаҳр, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони минтақаҳои пазироӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ, омода намудани армуғон аз ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам даромад аз соҳа бештар хоҳад шуд.
Анъанаҳои ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи куҳан доранд ва имрӯз онҳоро бо усулҳои замонавӣ рушд медиҳем. Ҳоло дар шаҳр сию се маркази таълимӣ- истеҳсолии атласу адрас ва қолинбофӣ бо ҷалби шасту ду нафар устод ва дусаду наваду ҳашт шогирд амал мекунанд. Ба ҳамин монанд маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимии иловагии шаҳр низ фаъолият доранд, ки харидорони маҳсулоти онҳо кам нестанд. Соли гузашта беш аз чор ҳазор метр атласу адрас ва беш аз сад метри мураббаъ қолинҳои истеҳсоли марказҳо ба фурӯш рафт. Ба ин васила даҳҳо нафар бону соҳиби ҳунар ва маблағ шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати бунёди коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон тадбирҳои амалӣ меандешад. Бонувони ҳунарманди шаҳр бо дарёфти грантҳои президентӣ ва раиси вилояти Суғд коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ бунёд кардаанд. Дар бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, ки ҳоло бунёд шуда истодааст, барои ташкили устохонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани созҳои миллӣ, ҷудо кардани ҷой пешбинӣ шудааст.
Имрӯзҳо бӯйи баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай ба машом мерасад. Сокинони шаҳри Панҷакент бо омодагӣ ба киштукор, тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳо, хонаю дар иди миллиро пешвоз хоҳанд гирифт. Наврӯз дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоишгоҳи бузурги ҳунарҳои миллӣ ва пазироии ҳаводорони саёҳат ба ин шаҳри бостонии тоҷикон хоҳад буд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»