1 марти соли 2018 дар таърихи давлатдории ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро он рӯз орзуи деринаи ду халқи қадимаи Осиёи Марказӣ-тоҷикону ӯзбекон ҷомаи амал пӯшид. Бо кӯшишу эҳтимоми сарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон расман кушода шуд.
Дар вилояти Суғд, ки бо 6 вилояти ҷумҳурии ҳамсоя – Тошканд, Самарқанд, Сирдарё, Ҷиззаху, Фарғона ва Намангон ҳамсарҳад аст, 7 гузаргоҳи сарҳадӣ — «Саразм-Ҷартеппа» «Ӯротеппа-Кушкент», «Зафаробод-Хавостобод», «Ҳавотоғ-Учтурғон», «Ҳаштияк – Бекобод», «Навбунёд-Поп» ва «Равот» барои бемамониат гузаштани шаҳрвандони ду кишвар боз гардид. Дар маросими кушодашавии онҳо роҳбарони вилоятҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Аз ҷумла, дар кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа»-и шаҳри Панҷакент иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Туробҷон Ҷӯраев суханронӣ карданд.
Онҳо иброз доштанд, ки «боз шудани гузаргоҳҳои байни сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иқдоми роҳбарияти ду кишвари ба ҳам дӯст буда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши робитаву муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ мусоидат хоҳанд кард».
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Равот»-и шаҳри Конибодом сари дастурхони идона пирони кори ду ноҳияи ҳамсоя-Конибодому Бешариқ аз иқдоми роҳбарони ҳар ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, дар ҳаққашон даст ба дуо бардоштанд.
- Ман, ки тамоми умр деҳқонӣ мекардам, — мегӯяд Шамсиддин Исомиддинови 90-сола, сокини ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, — маҳсулоти кишоварзиамро ба шаҳрҳои Конибодому Хуҷанд, Истаравшану Исфара бемалол оварда мефурӯхтам ва зиндагиамро пеш мебурдам. Вале, афсӯс, ки бо сабабҳои номаълум чанд сол сарҳадҳо баста ва маҳсулот дар замин нобуд шуд. Зиндагӣ душвор гардид. Тӯли 20 сол орзу мекардам, ки сарҳадро кушода бинаму хотирам ҷамъ шавад. Шукрона ба даргоҳи Парвардигор, ки ба ин рӯзи нек расидем. Акнун аз дунё беормон меравам.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Ҷӯраеви конибодомӣ низ гуфт:
-Синнам ба 80 мерасад. Ин рӯзи саидро ман ҳам қатори дигарон орзу мекардам. Охир, даҳҳо нафар дар ҳасрати ин рӯзи неку пурсаодат аз дунё рафтанд, зеро хешу ақрабо ва фарзандону пайвандони онҳо дар Бешариқ кам нестанд.
Хурсандии насли ҷавони ҳар ду кишвар, ки дар даст парчамҳои давлатиро алвонҷ дода, дар ҳавои сурудҳои дилангези устодони санъати тоҷику ӯзбек рақсу шодӣ мекарданд, дилҳоро лабрези фараҳ мекард…
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»