Вақте Худованд оламро меофарид, аз ваҷҳи ошиқӣ мардро офариду ба курсии ниёз нишонд ва аз ваҷҳи маъшуқӣ занро офариду ба курсии ноз нишонд. Ин ду гавҳар, ки яке аз ҷалолу дигаре аз ҷамоли Илоҳӣ ба вуҷуд омада буданд, ба олами гетӣ тухми нозу ниёз ва ишқу ошиқиро пароканданд ва завҷу завҷа буданро ба яке аз кайфиятҳои ҷавҳарии авлоди башар табдил доданд. Зану шавҳар ду гавҳари бебаҳои зиндагии иҷтимоӣ — зан нури чароғи хонадон ва мард сарвари комилҳуқуқи он аст. Зан агар дар меҳроби ишқи мард содиқ монад, мард вуҷудашро барои ӯ нисор мекунад. Агар зан нақшу вазифаи модариашро дар тавлиди насл (фарзандон) хуб бидонад, чароғи хонадони худро равшан нигоҳ дорад ва оини ҳамсаргузиниро ба таври аҳсант анҷом бидиҳад, дар назди мард ба олиҳаи ишқ табдил меёбад.
Пешрафти ростини зан мардгароӣ не, вафодору содиқ будан ба мард, лутфу эҳтиром ба аҳли хонавода ва таъмини хушиҳои зиндагӣ барои аҳли хонадон мебошад. Ин амр пайванди собиту мустаҳками оини ҳамсаргузиниро тақозо мекунад. Ҳамоҳангии меҳромези зану шавҳар дар умури хонадорӣ самараи хуб, фарзандони нек ва рӯзгори осударо ба бор хоҳад овард. Меҳри зан ба шавҳар раҳмат ва лабханди ӯ барои мард армуғони илоҳист.
Занро маъмулан ба Моҳ ташбеҳ мекунанд, зеро он воқеан сунбули занро ифода мекунад. Агар Хуршед ба мисли мард манбаи нури асливу асосӣ бошад, дар ҳолати ғуруб нури онро Моҳ ба аҳли башар мерасонад. Агар зан ошиқи дилбар ба шавҳар бошад, ба машоми мард таъми абадияти зиндагиро мечашонад.
Аз ин рӯ: Эй марди худхоҳ, агар занро бигирёнӣ, саранҷом рӯзгорат гиря мекунад, занро ҳеҷ гоҳ хор макун, то ба хорӣ наафтӣ, паймонатро бо зан машикан, то паймонат дар ҷомеа шикаста нашавад. Ба зан пушт магардон, то рӯзгор бо ту пушт нагардонад, обрӯйи занро марез, то рӯзгор обрӯятро марезонад, ба хостаи зан даст маёз, то хостаат ба бод наравад, занро маёзор, то рӯзгор озорат надиҳад, занро бисито, то сутуда шавӣ, дасти занро бибӯс, то бузургии пойгоҳи ӯро хоста бошӣ!
Забони зан бояд ҷавҳарӣ бошад, зебоӣ чунон мардро маст мекунад, ки тамоми ғуссаи олам дар назари ӯ фаромӯш мешавад. Шаҳди шароби зебоиро аҳли ишқ медонанд ва онро аз ҳама беҳтар арзёбӣ мекунанд. Ишқу зебоиро шарбате медонанд, ки онро то ба завқи тамом нанӯшӣ, маззаи махмуркунандаашро нахоҳӣ дарёфт. Зебоии зоҳирӣ фиребанда аст. Ҳангоме ки зан худро дар оина мебинад, зебоии зоҳирии худро мушоҳида мекунад ва ӯ бояд пайваста зебоии ботинии худро сайқал диҳад, то ҳар сухане, ки мегӯяд ва ҳар амале, ки дар умури хонаводагӣ анҷом медиҳад, ба дараҷаи зебоии зоҳирӣ ва ҳусну таровати ӯ бошад. Аз ин рӯ, бадеҳист, ки барои зебоии ботинии хеш зан бояд бикӯшад, зеро ҳар ҷавонзани болиғ вақте ташкили оила карданӣ мешавад, дар қалби хеш як ҷаҳон орзую омол ҷиҳати беҳбудии ояндаи хонадони худ мепарварад. Барои ба амал баровардани ин орзую омол зан бояд аз оинадорони ҳусни аъзами инсонӣ ибрат гирад. Ба ибораи дигар, ӯ бояд, аз як тараф, ба таҷрибаи рӯзгори пирони барнодили ниёгон такя кунад, ки саршор аз маънавиёти ботинӣ мебошад, аз тарафи дигар, панду андарзи мавҷуд дар осори Саъдию Ҳофиз ва Мавлоно Румию Абдураҳмони Ҷомиро сармашқи зиндагии оилавӣ қарор бидиҳад.
Шир хӯрдани кӯдак аз пистони модар танҳо барои камолоти ҷисмонӣ нест. Балки дар айни ҳол алифбои маърифати давраи ширхории кӯдак низ маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр, вақте зан оила барқарор мекунад, танҳо барои фурӯ нишондани шаҳвату идомати насл нест, он барои дарки паҳлуҳои ношинохтаи ҳаёти оилавӣ дар ҷомеа низ мебошад, ки муаммоҳои сарбаста ва мушкилиҳои лоянҳалро дар назди зану шавҳар мегузорад. Хушбахтона, ин муаммоҳою мушкилиҳо бо гузашти айём роҳҳои ҳалли худро меёбанд ва пирони рӯзгордида ин имтиҳони ҷиддии ҳаётро ҳар яке ба зарфияту қобилияти сиришти сарнавишт сарбаландона гузаштаанд.
Мегӯянд, ки пайдоиши Ҳазрати Одам нуқтаи авҷи офариниши Худованд буд. Хушбахттарин марди дунё ҳамин Одам ба шумор мерафтааст, ки ҳамсари ӯ Ҳавво будааст. Аз ишқи онҳо олам ба вуҷуд омад. Ваҷҳи ошиқ Одам ва ваҷҳи маъшуқ Ҳавво буд. Достонҳои Лайливу Маҷнун, Юсуфу Зулайхо ва ғайра аз ҳамин ишқу ошиқӣ ибтидо гирифтаанд. Бузургони адабиёти классик танҳо аз мушоҳидаи хату холу абрӯи маъшуқ садҳо китоб навиштаанд, ки дар ганҷинаи гаронбаҳою ҷовидонаи ишқу ошиқӣ маҳфузанд ва ашъори ҷовидонаи онҳо гоҳ-гоҳе бо пардаҳои баланди мусиқӣ, дар ҷое ки сухан аз ишқу ошиқӣ меравад, баланд садо медиҳанд, акси садои онҳо бошад, бо овози мавзуни ҳаракоти ҷирмҳои мунири осмонӣ дар гунбади сипеҳр омезиш пайдо карда, сахт танинандоз мешаванд.
Иблис аз аввали дунё вуҷуд дошт ва бо васваса нахустин офаридагони Худованд – Одаму Ҳавворо дар боғи Адан бифирефт ва бо хӯрдани меваи дарахти мамнӯъ онҳо аз биҳишт ронда шуданд. Ин ғалабаи аввалини шайтон буд. Аз ин ба баъд иблис ба сари тахтаи шатранҷ нишаста, ҳамаро бо васваса моту мабҳут месохт ва хурдтарин имкониятро барои манфиат истифода мебурд. Феъли бади инсон ғизои маънавии шайтон аст. Бахусус, занро беш аз ҳама дӯст медорад ва ба ӯ мегӯяд, ки ту ягона ёри манӣ барои ба васваса андохтани мардон, зеро зан ҳамчун маъшуқ ба ошиқ ҳар гуна таъсир расонда метавонад. Бинобар ин, зан бояд аз шайтон ва фиреби он дурӣ ҷӯяд ва худро бо омӯзаҳои раҳмонӣ тарбият намояд. Танҳо дар ин сурат ҳусну малоҳати зан дугона мешавад.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор