Саҳми ВАО дар тарғиби ҳаракати олимпӣ калон аст

№ 13.03.2018

КУмитаДар арафаи Рўзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он  хабарнигорони соҳаи варзиши ВАО- и мамлакат ширкат намуданд. Рўзноманигоронро  муовини Президенти КМО Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо иди касбиашон табрик гуфта, саҳми арзандаи онҳоро дар  оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш ва тарғиби ҳаракати олимпӣ таъкид намуд.

- Рўзноманигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд, махсусан дар соҳаи варзиш,- гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Маҳз журналистон комёбиҳои  варзишгаронро саривақт ба ҷомеа  мерасонанд ва ба ин восита ҳисси қаҳрамон будан, баланд  бардоштани шўҳрати Ватанро дар ниҳоди ҳаводорони варзиш бедор мекунанд.

Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита навсозӣ шуда, Маркази федератсияи миллии варзишӣ барои 13 федератсия ва Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин сомонаи Кумита бо ду забон- тоҷикию англисӣ дар қолаби нав фаъол гардид. Бо супориши Пешвои миллат бори аввал дар таърихи мамлакат дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Гурўҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ таъсис ёфт. Минбаъд варзишгарони беҳтарин ва мураббиёну довароне, ки ба нафақа  баромадаанд, бо стипендияи ҳармоҳа таъмин хоҳанд шуд.

Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки бо дастури Сардори давлат ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли гузашта дар пойтахт 75 майдончаи варзишӣ сохта шуда, сохтмони 92 майдончаи дигар идома дорад.

Шаҳрвандонро лозим аст, ки бо маданияти баланд аз ин майдончаҳо истифода бурда, нигоҳубини иншооти варзиширо дуруст ба роҳ монанд.

Аҳтам Абдуллозода ба саволҳои  хабарнигорон ҷавобҳои қаноатбахш дода, изҳор намуд, ки ҳамеша дари Кумита барои  рўзноманигорон боз буда, пешниҳодоти ВАО оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Рўзноманигорон бо шароити Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ошно гашта, Осорхонаи «Шарафи Олимпӣ»- ро тамошо карданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»