Пешниҳод

Чаро шутурпарвариро ривоҷ намедиҳем?

№33 (3827) 13.03.2018

ШУТУРЧанде пеш нашриёти «Русская литература» китоби нави нависанда Сулаймон Эрматовро бо номи «Сухан аз об бигӯ» нашр намуд. Он ба 40- солагии азхудкунии водии Бешкент ва 20- солагии ташкилёбии ноҳияи Носири Хусрав бахшида шуда, хонанда дар бораи истифодаи об ва заҳматҳои  ободкунандагони ин дашти асрҳо ташналаб маълумоти зиёд гирифта метавонад.

Дар саҳифаи 142-юми китоб чашмам ба лавҳае дар бораи Ҷӯрақул — корвон, ки қисми зиёди умри 93- солаашро сарфи шутуру гӯсфандпарварӣ  намудааст, афтод. Солҳои 20-уми асри гузашта Ҷӯрақул- корвон, ки 40 сар шутур  дошт, аз Сталинобод (Душанбе) ба Шаҳритуз озуқа, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз Қӯрғонтеппа (Бохтар) равған ва аз  Балҷувон гандум мекашонид. Ҷӯрақул — корвон бо  шутурҳояш таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои бунёди заводи пахтатозакунӣ ва  корхонаи равғанбарории Шаҳритуз пешбинишударо аз бандари «Айваҷ» кашонда овардааст. Мутаассифона, баъди  поёнёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шутурҳоро ба гӯшт супориданду бо ҳамин сокинони ҷумҳурӣ шутурро баъди солҳои ҳафтодум асосан дар боғи ҳайвонот  мебинанд. Ҳол он ки қисмати ҷанубии кишвар, ки заминҳои  нимбиёбониву шӯразаминаш зиёд аст, барои шутурпарварӣ мувофиқ мебошад.

- Бартарии шутур дар он аст, ки хор ва хасу хошокеро мехӯрад, ки дигар чорво аслан ба даҳон намегиранд, — мегӯяд номзади илмҳои байторӣ Зафар Қаландаров. – Дар шароити камобӣ низ  пуртоқат аст. Аз ин рӯ, парвариши шутур чандон хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Барои парвариши он заминҳои  нимбиёбониву шӯразамин, ки қобили зироаткорӣ нес­танд, қулай мебошад.

Аз шутурпарварӣ метавон гӯшт, шир, пашм ва пӯст барин  маҳсулоти зарурӣ ба даст овард. Парвариши он аз лиҳози иқтисодӣ нисбат ба дигар намудҳои чорво сердаромадтар аст. Вазни ин чорвои калон то ба 500- 800 кило мерасад. Ба ҳисоби миёна аз як сар шутур  соле аз 1000 то 2000 литр шир дӯшидан мумкин аст.

- Равғаннокии шири шутур  нисбат ба шири гов зиёдтар аст. Дар таркиби шири шутур нисбат ба шири гов се  маротиба зиёдтар витамини С мавҷуд аст. Инчунин, шири шутур дорои миқдори зиёди оҳан, фосфор, калтсий, сафеда ва витамини В мебошад.  Истеъмоли бардавоми он ба кам кардани миқдори қанди хун дар беморони  гирифтори диабет мусоидат мекунад, — мегӯяд Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ

Хусусиятҳои шифобахшии шири шутурро ба инобат гирифта, дар музофоти камоби Ҷайсалмери Ҳиндустон истеҳсоли яхмос аз шири шутурро ба роҳ мондаанд. Ин яхмос хуштаъм буда, гирифторони диабети қанд ба он  таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Аз як  кило пашми шутур то 3,5- 4 метри мураббаъ  матоъ  бофтан  мумкин аст. Дар Ҳиндустону Покистон аз  пашми шутур  свитерҳои  хушсифат омода мекунанд. Пӯсти шутур барои истеҳсоли пойафзол ва тасма мувофиқ аст. Дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Турк­манистон аз шири шутур равғану панири хушсифат тайёр мекунанд. Давраи  ширдиҳии шутур то 16 — 18 моҳ давом мекунад. Шутурҳои яккӯҳона нисбатан сершир мебошанд.

Онҳое, ки шири шутур истеъмол мекунанд, хеле  кам ба бемории сил  гирифтор мешаванд. Олимони Исроил муайян карданд, ки шири шутур зимни ҳассосияти шадиди ғизоӣ (аллергия) хусусияти табобатӣ дошта,  масуният (иммунитет)- и кӯдаконро пурқувват мекунад. Барои гирифторони камхунӣ муфид буда, фаъолияти дилро низ беҳтар мегардонад. Аз сабаби хусусияти бактериякушӣ доштан шири шутур нисбат ба шири дигар намуди чорво  муҳлати нигоҳдории  бештар дорад.

Хушмаззатарин гӯшти шутур он аст, ки дар 30- 32  моҳагӣ забҳ шуда бошад. Инчунин, шутур нисбат ба дигар чорво зудтар  вазн мегирад. Масалан,  зимни чарои тобистона  имкон ҳаст, ки вазни он дучанд зиёд шавад. Ҳангоми  фаровон  будани хасу хошок  мумкин аст, рӯзе то 2 кило вазн гирад, ки ин нишондиҳанда дар ягон  намуди чорво дида намешавад.

Ҳамаи ин бартариҳоро ба инобат гирифта, метавон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани шутурпарварӣ  муфид  хоҳад буд. Алалхусус, дар шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Фархор ва Данғараю Леваканд, ки заминҳои шӯрбастаю бекорхобидаи зиёд доранд, парвариши шутурҳои  яккӯҳонаро метавон ба роҳ монд. Дар ноҳияи Ашт, алалхусус  мавзеи Ашти Калон парвариши шутурҳои дукӯҳона, ки ба хунукӣ тобовартаранд, мувофиқи мақсад мебошад. Ба ин ҷо аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон чанд сар шутурро оварда, ба иқлими маҳал мутобиқ кардан  мумкин аст. Дар баробари ин, кишти саксавулро дар заминҳои бекорхобида зиёд бояд кард. Зеро аз як тараф,  саксавул ғизои чорво бошад, аз тарафи дигар, пеши роҳи ба ҳаво  бархостани  чангу  ғуборро мегирад.

Ҳамчунин, хуб мешуд, ки дар ин хусус  олимони Институти чорводории АИ КТ, устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикис­тон ва мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақида баён намоянд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»