Дар Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва муошират ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор масоили марбут ба қочоқи одамон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов дар мавриди натиҷаҳои фаъолияти комиссия дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дод. Ҳамчунин бо ҳадафи пурзӯр кардани мубориза алайҳи қочоқи одамон дар кишвар лоиҳаи «Нақша — чорабиниҳои иловагии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014» барои баррасӣ пешниҳод шуд, ки қабули ҳозирин гардид. Комиссияи байниидоравӣ як комиссияи махсусеро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои кишвар таъсис дод ва онҳо вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи «Нақшаи миллии мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» — ро то охири сол таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар муқоиса бо кишварҳои минтақа ва хориҷи дур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар давоми ду даҳсолаи охир аз ҳама кам ба қайд гирифта шудааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»