Дар вилояти Суғд чорабиниҳои идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз оғоз ёфтанд. Аз ҷумла, чанде пеш дар деҳаи наздишаҳрии Рӯмон (деҳоти ба номи Ҳ. Усмонови ноҳияи Б. Ғафуров) базми наврӯзӣ баргузор шуд.
Дар он ҷо Истак ном мавзее мавҷуд аст, ки то ибтидои солҳои 60-уми садаи гузашта идҷойи мардуми Хуҷанд буд. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ дар асрҳои пешин хуҷандиён иди Наврӯзро маҳз дар ҳамин мавзеи хушбоду ҳаво таҷлил мекардаанд. Ҳокими шаҳр ҳамроҳи дарбориёнаш тайи чанд шабонарӯз дар ҳамин ҷо ин ҷашнро мутантан таҷлил мекард. Бинобар ин, ид ба худ номи «Истак»-ро гирифт. Дар даврони шӯравӣ низ иди Истак роиҷ буд. Аммо, бино ба нақли калонсолони деҳа, аз ҷумла Бурҳонхоҷа Умарову Мирзоаҳад Мақсудови 82 – сола, бо сабаби вафоти И .Сталин (6 марти соли 1953) таҷлили ид манъ гардид.
Танҳо соли 1989 бо кӯшиши шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси он, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ иди Истак бо тамоми расму суннат ва иштироки беш аз 10 000 нафар, аз ҷумла меҳмонон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, аз нав эҳё шуд. Мутаассифона, баъд аз баҳманмоҳи хунини соли 1990 иди мазкур боз ба ҳукми фаромӯшӣ рафт.
Инак, баъди 29 сол, сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азм карданд, ки идро боз дар Истак барпо намоянд. Яке аз ташаббускорони ин иқдом Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Ҳоҷибоева изҳор дошт, ки «ин қадами нахустин дар эҳёи иди қадимаи Истак дар замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Минбаъд мекӯшем, ки онро дар макони нисбатан васеътару барҳаво бо фароҳамсозии шароит барои намоиши маҳсули ҳунармандони халқӣ барпо намоем».
Дар иди Истак дастаи шашмақомхонони деҳа таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Аминов ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунармандони халқӣ — адрасбоф Иноятхон Бобохоҷаева, оилаи бӯрёбофон Усмоновҳо, нишоллопаз Исматҷон Бобоеву муҳрабоф Мунаввара Абдуллоева, ҷиҳакбофу ҷиҳакдӯз Муҳаррама Қосимова, кӯрпадӯз Муҳтарама Дадобоева, кандакор Абукарим Очилов ва дигарон маҳсули дасти худро ба намоиш ва фурӯш бароварданд.
Ба идгоҳ қадам гузоштани «Бободеҳқон» ва «Баҳор», муждагонии онҳо аз баҳор ва оғози киштукор ба хурсандии иштирокчиён шодиву хурсандӣ зам намуд.
Хаймаҳои наврӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаи бачагонаи деҳа ба Иди байналмилалии Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид. Бозиҳои арғунчак, гӯштингирӣ, дастхобонӣ, арғамчинкашӣ ва ғайра табъи ҳамаро болида намуд.
М. Мақсудов,
«Садои мардум»