15 март – Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Омилҳои таъсиррасон ба нарх дар бозори мол ва кору хизматрасонӣ кадоманд?

№34 (3828) 15.03.2018

Гузариш ба низоми иқтисоди бозорӣ, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона сурат гирифт, натиҷаҳои самарабахш ба бор овард.

Ба фарқ аз низоми иқтисоди барномарезишуда ва мутамарказ дар низоми иқтисоди бозорӣ, истифода аз захираҳои табиӣ, истеҳсол, пешниҳодоту талабот дар бозор ва нархи молу маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонӣ ба воситаи механизми худкори бозор муайян карда мешавад. Механизми бозор ҳамчун муайянкунандаи талаботу пешниҳодот на танҳо нархи молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ, балки ҳаҷми истеҳсолу ангезаи ташкили кору хизматрасонӣ, сифати мол, кору хизмат­расонӣ ва рушди бахшҳои дигари фаъолияти иқтисодиро танзим менамояд. Озодии нархҳо ба рушди истеҳсолот, тиҷорат, соҳибкорӣ ва ангезаи ташаббускорӣ дар соҳаҳои ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда кумаки мустақиму ғайримустақим менамояд. Риояи усулҳо ва меъёрҳои иқтисоди озод ба раванди марҳила ба марҳила расидан ба худкифоии бахшҳои гуногун ва ҳатто рушду истифодабарии бозёфтҳои илмӣ ва донишҳои фаннӣ оварда мерасонад. Бартарияти иқтисоди бозорӣ бештар ба он асос меёбад, ки таҳаррук ва рақобатро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад ва меҳвари тавсеаё­биву тараққиёт аст. Маҳз ҳамин омили таҳаррук ва ба вуҷуд омадани рақобат дар бозор ба рушди зинаҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамиятдошта боис мегардад, зеро он ба омили судовар будани фаъолияти соҳибкорон асос ёфтааст. Натиҷаи рушди рақобат барои ба сатҳи матлуб расидани нархҳо ва дар айни замон бо хароҷоти камтар ба беҳтарин сифат истеҳсол шудани молу маҳсулот боис мешавад. Яке аз омилҳои асосии номуназзамӣ ва воқеӣ набудани асоснокии нархҳо ба таври кофӣ рушд наёфтани рақобат дар бозор мебошад. Барои ба даст овардани фоидаи бештар ва бо роҳи солим рақобатпазир будан дар бозор, доштани потенсиали баланди фик­риву ҷисмонӣ ва соҳиби маҳорати хуби барномарезии дурнамо дар қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон зарур аст.

Асосгузори низоми иқтисоди бозорӣ Адам Смит дар хусуси таърифи шахси иқтисодӣ ва фалсафаи аслии фаъолият дар низоми иқтисоди бозорӣ таъкид менамояд, ки шахси иқтисодӣ касест, ки ба шиддат манфиатталаб ва билофосила ишора низ менамояд, ки бояд манфиатталабӣ бо талаботи қонунгузорӣ ҳамоҳанг ва мутобиқ бошад.  Яъне, озод будани нархҳо ва мустақилона муайян намудани нархи молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ҳеҷ гоҳ ба он маъно нест, ки манфиатҳои дигарон поймол гардад ва дар муносибат бо уҳдадориҳо дар нишон додани шаффофияти корӣ мухолифат намояд.

Озод гузоштани фаъолияти бозор ва дастгириҳои нисбии давлат дар бахши соҳибкорӣ ба фаровонии молу маҳсулот ва аз байн рафтани камчинӣ дар бозорро бо роҳҳои гуногун таъмин менамояд. Мисолҳои зиёдро дар низоми иқтисоди мутамарказу барномарезишудаи даврони шӯравӣ, ки ҳолатҳои камчинии молро зуд — зуд мушоҳида менамудем, овардан мумкин аст. Бо гузариш ба низоми иқтисоди озод, новобаста аз мушкилоти муайяни сифатнокии маҳсулот ва ҳанӯз ҳам ноил нагардидан ба рақобати воқеӣ дар бозори мол, ҳолатҳои камчинӣ ва пурра қонеъ нагардидани талаботи истеъмолкунандагон бартараф гардидааст.

Мавҷудияту истифода аз технологияҳои муосир ва донишу навовариҳои техникӣ аз хусусиятҳои ибратомӯзу муваффақи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, кишварҳои дар ҳоли рушд, ба монанди Тоҷикистон ва шумораи зиёде аз кишварҳои олам, вобастаи маҳсулоти тавлидшуда дар мамолики пешрафта мебошанд. Ин вобастагии шадид на танҳо ба технология ва донишҳои навоварона, балки бештар ба маҳсулоти истеъмолӣ ё воситаҳои истеҳсолии техникӣ, маҳсулоти аввалия ва дигар омилҳои муҳими истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию ғайрикишоварзӣ мебошад. Маҳсулотеро пайдо карда наметавонем, ки дар истеҳсоли дохилӣ ба маҳсулоти аввалия ё технологияи истеҳсолии воридшаванда пойбанд набошад.

Дар истеҳсоли гандум, картошка, пиёз, тухми мурғ, помидор, бодиринг, гӯшт, биринҷ, равған, орд, нахӯд, мевагиҳо то садҳо маҳсулоти дигари коркардшаванда вобастаи маҳсулоти аввалия ё технологияи замонавии кишварҳои дигар мебошем. Ҳатто барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба тухмиҳои баландсифати хориҷӣ, нуриҳои минералии воридотӣ ва дигар технологияҳои истеҳсолот пойбанд ҳастему ҳамаи ин ба арзиши аслии маҳсулот ва номуназзамӣ дар нархҳо ва сатҳи истеҳсолоти ватанӣ таъсир мерасонад.

Азбаски асоси иқтисоди озод ё бозориро ба даст овардани фоида ташкил медиҳад ва муҳаррики рушду пешрафт низ ба судоварии бештар робитаи мустақим дорад, дахолатҳои носанҷида ба низоми бозорӣ раванди рақобат дар истеҳсолот, афзоиши истеҳсолот ва сифатро халалдор месозад. Рушди рақобат дар истеҳсоли технологияҳои истеҳсолии босифат бо хароҷоти камтар, болобарии боздеҳии истеҳсолот, коркарди механизмҳои илмии афзунгардонии истеҳсолот, донишҳои нави коркарди замину тухмӣ ва даҳҳо ҷанбаи илмии бе осебҳои табиию ғайритабиӣ баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз аҳамияти хоса бархӯрдор мебошад ва ин омилҳо сабаби рушди иқтисодиёти кишварҳои тараққикарда аст.

Бо ин роҳ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки қудрату пештозиро дар соҳаҳои иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу иҷтимоиёт бо нигоҳ доштани вобастагии кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳифз кунанд. Аз дастрас намудани технологияҳои пешрафта ва донишҳои муосир ба кишварҳои дар ҳоли рушд худдорӣ менамоянд, то нуфузу фоидаоварии иқтисодиёти кишварашонро дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ҳифз кунанд. Тиҷорат ва муомилот байни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли пешрафт ҳамеша ба манфиати кишварҳои пешрафта анҷом меёбад.

Барои ба ҳадди ақал расонидани вобастагӣ ба кишварҳои пешрафта, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва кам намудани воридоти онҳо зарур аст, ки бо рушди маҳорату донишҳои фаннӣ ва васеъ ба роҳ мондани воридоти технологияи муосир, махсусан дар қадами аввал дар бахши кишоварзӣ, иқдом намоем. Зеро нишондиҳандаҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки на танҳо ба ворид намудани молҳои аз маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсолшаванда пойбанд гаштаем, балки маҳсулоти кишоварзие, ки шароити хуби истеҳсоли онҳоро дар кишвар дорем, бо берун шудани маблағи зиёд бо асъори хориҷӣ ворид менамоем.

Мавзӯи паст рафтани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, ки омили асосии зиёдшавии ҳаҷми воридот ва номуназзамӣ дар нархҳо мебошад, таҳқиқоти алоҳидаро талаб менамояд. Зеро бе тардид сабабҳои зиёдро аз қабили барои бархе маҳсулот набудани тухмии босифат, мушкили обёриву таъминоти об ҳангоми нашъунамои зироат, болоравии нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ, кофӣ набудани дастгирии воқеии соҳавӣ ва молиявию моддӣ ба кишоварзон ном бурдан мумкин аст.

Кишварҳое, ки молу маҳсулоташон босуръат вориди бозори кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мешаванд, маҳз бо сабаби муваффақ будан дар ватанӣ будани технологияву таҷҳизоти ёрирасон ва истифодашаванда дар истеҳсолот ва аз ин тариқ кам гаштани сарфи унсурҳои таъсиррасон дар таркиби хароҷоти истеҳсоли моли алоҳида асос ёфтааст. Дар ин ҳолат, ҳар қадар миқдори молҳои воридотӣ бештар мегардад, ба ҳамон мизон то ба истеъмолкунанда расидани маҳсулот тавассути миёнаравҳо бештар гашта, ба ғайривокеӣ будани нархҳо ва баланд будани он оварда мерасонад.

Азбаски нархи маҳсулот ба омили истеҳсолу пешниҳоди он ба бозор робитаи мустақим дорад, бояд ба омилҳои таъсиррасон ба истеҳсолоти бештар ва қонеъ гардонидани талабот аҳамияти ҷиддӣ ва ояндабинона дода шавад. Дар сурати мавҷудияти монеаҳои сунъӣ, санҷишҳои беасос, хӯрдагириҳои ҷузъӣ, сари вақт ташвиқу дастгирӣ накардани истеҳсолгарон ва ҳатто таъмин накардани кафолати фоидаоварии истеҳсолгарон масъалаи қонеъгардонии талаботи бозор ва рушди иқтисодиёт бо мушкилот рӯ ба рӯ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баҳри бартараф намудани мушкилоти мазкур тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодааст ва динамикаи худкифоӣ, таъмини амнияти иқтисодиву озуқавории кишвар бо барномаҳои дурнамо тарҳрезӣ гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, барои рушди иқтисодиёту истеҳсолот ба андешидани як қатор тадбирҳо, аз қабили маҳдудият дар санҷишҳои такрориву беасос, аз пардохтҳои андозӣ озод намудани соҳибкорони ба касбу ҳунарҳои хонагӣ машғулбуда, аз пардохтҳои гумрукиву андоз озод намудани воридоти технологияи истеҳсолӣ, осон ва бо фоизҳои муносиб дастрас намудани қарзҳои бонкӣ ва ғайра дастур доданд, ки ҳама барои рушди истеҳсолот, рушди рақобат ва шукуфоии иқтисодиёт, мусоидат менамоянд.

Дилшод ҚУРБОНОВ,

сардори шуъбаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе