Мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони мақомоти прокуратура

№34 (3828) 15.03.2018

39889077955_f88b6d70d1_o13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқот доир карданд.

Нахуст дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини бо таҷҳизоти криминалистӣ муҷаҳҳазро барои истифодаи хизматӣ тақдим намуданд. Сипас, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ» ва тарҳи лоиҳаи сохтмони бинои маъмурӣ дар ҳудуди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Мақсад аз ҷорӣ кардани «Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ» ба низоми электронӣ гузаронидани фаъолияти коргузорӣ, дастрасии фаврӣ ба иттилоот ва таъмини идоракунии самарабахши назорати автоматӣ мебошад.

Бинои маъмурие, ки дар ҳудуди Прокуратураи генералӣ бунёд мешавад, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, арзиши сохтмони он 23 миллиону 555 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 18 миллиону 566 ҳазор сомонӣ корҳои васлгарию сохтмониро ташкил медиҳад.

Назорати сохтмони иншооти мазкур ба уҳдаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур доданд, ки дар вақти бунёди иншоот ба сифати корҳо ва тарҳи меъмории он диққати махсус диҳанд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар толори барҳавои маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, мудофиа, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомотро бо иди касбӣ ва фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои кори пуршараф ва пурмасъулият барору комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Зимни таҳлилҳои амиқ Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна қонуншиканӣ дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, терроризм ҷалб карда, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар бораи таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба такмил ва рушди мақомоти прокуратура дар солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳдошти сатҳи ­иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, дигар қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти прокуратура андешаронӣ карданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, ёрдамчии калони прокурори генералӣ Шоҳин Талбакзода, муовини прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муқаддас Почомулло, прокурори ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон Далер Музофирзода ва прокурори калони вилояти Хатлон Пирзода Парвиз Раҷабалӣ баромад карда, аз номи кормандони прокуратура ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа ва беҳдошти сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

www.president.tj