Аз 15 то 17 марти соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури сиёсатмадорони маъруф ва ходимони ҷамъиятӣ аз тамоми ҷаҳон шашумин Форуми ҷаҳонии Боку таҳти унвони «Бартараф кардани мушкилот ҷиҳати эҷоди ҷомеаи фарогир» баргузор гардид.
Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ширкат варзид.
Дар чаҳорчӯби форум муҳокимаронӣ дар мавзӯъ ва андозаҳои гуногун зимни панелҳои мубоҳисавӣ сурат гирифтанд.
Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Гуногунии диниву фарҳангӣ – нақши кадоме барои роҳбарияти сиёсӣ бештар аст?» суханронӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар иртибот ба дин ба эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, хотираи таърихии мардум ва омили муттаҳидкунандаи дини ислом ва дигар адён дар тамаддуни ҷаҳонӣ асос ёфтааст.
Акрамшо Фелалиев зикр намуд, ки ислом дини сулҳ ва бародарӣ аст. Терроризмро маҳсули дини ислом донистан хатои маҳз аст. Терроризм дину миллат надорад. Омезиши дин бо сиёсат сабаби низоъҳо мегардад. Ин ҳақиқати бебаҳсест, ки дар мисоли собиқ ҲНИТ бори дигар ба он муътақид гардидем. Ҳизби мазкур зимни фаъолият бо истифода аз дини ислом, бо шева ва равишҳои мухталиф шаҳрвандонро гумроҳ ва ифротӣ мекард, ки оқибат ба сазояш расид.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон