21 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка намояндагони Ширкати «Боинг» — ро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ табодули андеша карда шуд.
Тавре маълум аст, чанд ширкати Тоҷикистон, бахусус ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» аз тайёраҳои муосири «Боинг» истифода мебаранд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.
21 марти соли 2018 дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ба ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, «Энергияи устувор барои ҳама» баррасӣ шуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши пешсаф ва пешвогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили обӣ, пешбурди муваффақонаи рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он қайд намуд.
Бо дастгирӣ аз ақидаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пайвасти зичи масоили обу энергетикаро ба таври возеҳ таъкид намуд.
Ӯ иброз дошт, ки пешгирии тағйирёбии иқлим ин тавлиди энергия аз манбаъҳои таҷдидшаванда ва ё барқароршаванда мебошад, ки захираву иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он боиси қобили мулоҳиза аст.
Вобаста ба андешидани тадбирҳои муштарак баҳри аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии зиддимухаддиротии худ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройӣ баргузор менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб баҳри кумаку дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Антониу Гутерриш ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои густурда бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии терроризм изҳори сипос намуд.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар тавассути пайваст намудани шоҳроҳҳои нақлиётӣ, бунёди «пули энергетикӣ»-и CASA-1000 ва дигар тадбирҳо табодули андеша сурат гирифт.
22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка, зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.
Дар маросими имзои ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мигел де Серпа Суарес ҳамроҳӣ намуд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб, ки аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардидааст, 3 майи соли 2008, баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт.
То моҳи ноябри соли 2017-ум 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии Конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати дарҳои кушода ва талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ гардидааст ва дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун узви фаъол саҳми муносиб ва пешоҳанг дорад.
22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд.
Дар кори он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ноиби Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.
Дар оғози кори иҷлосия ноиби Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал оид ба ҳадафҳои ҳамоиши сатҳи баланд ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро расман оғоз бахшиданд ва аз ҳамон рӯз татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардид.
Дар чорабинӣ, ки ҳамчунин ба санаи бисту панҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои қаблии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳои муҳими иҷрошуда дар чаҳорчӯби тадбирҳое чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни татбиқи ташаббусҳо таҷрибаи арзишманд андӯхта шуд, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об кумак хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳад кард.
Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» инчунин дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳамчун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.
22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ниҳоди «СММ-Об», президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо барои ба вазифаи раиси ниҳоди «СММ-Об» таъин шуданашон табрик намуданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо бояд аҳамияти об ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем.
Раиси ниҳоди «СММ-Об», президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақши Сарвари давлатро дар оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳалкунанда номиданд.
Ҷонибҳо ташаббусҳои Тоҷикистонро барои эълон намудани соли 2003 — «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» ва соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро бобарор арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳ иборат мебошад ва бо итминон метавон гуфт, ки даҳсолаи нав низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи он барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ниҳоди «СММ-Об», президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» даъват намуданд.
Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур иброз дошт.
22 марти соли 2018 дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор» иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҳамоиш изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ниҳоди СММ-Об, ЮНИСЕФ ва дигарон баромад карда, ҳалли мушкилоти обро аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд ва ба ҷониби Тоҷикистон барои пешниҳоди тадбири навбатӣ баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд доданд.
22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню — Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони «Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» қаноатмандӣ иброз дошта, таъкид карданд, ки: «мо бояд ҳамеша саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ҷоннок намоем».
Аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат, вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш намуда, Сарвари давлати Тоҷикистон ҳодисаҳои табииро, ки талафоти ҷонию молӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд меоранд, нигаронкунанда арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва коршиносон барои ҳамкории пурсамар бо Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои кишвар изҳори сипос карданд.
22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионӣ дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи СММ ва ниҳодҳои он, ҷараён ва натиҷаҳои ҷаласаҳои корӣ гузориш пахш менамояд.
Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвар — «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарӣ равона гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаи қаблӣ собит сохт, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.
Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони СММ, ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият, сиёсати дарҳои бози роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи «Нигориши СММ» таҳти унвони «Об — барои рушди устувор» (Water for Sustainable Development) ба табъ расид.
Дар он Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ маълумоти дақиқу пурмуҳтаво дода, таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштанд.
Мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Ҳамчунин, дар мақола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намудаанд.
www.president.tj