26 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кӯтоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ намуданд.
Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Полшаро баррасӣ карда, оид ба баъзе аз масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули андеша карданд.
Президенти Ҷумҳурии Полша Андрей Дуда ба Сарвари давлат барои пазироии самимӣ изҳори сипос ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуд
www.president.tj