28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд сафар намуданд.
Сарвари давлатро дар фурудгоҳи шаҳр мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷакент бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хатти интиқоли барқи 220 — киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.
Дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бинои идоракунии назоратӣ навсозию васеъ ва бо таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон неруи барқ интиқол ёбад.
Ёдовар мешавем, ки хатти интиқоли барқи мазкур аз зеристгоҳи «Айнӣ»-и ноҳияи Айнӣ шурӯъ гардида, то ба зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, идома меёбад.
Паймонкори асосии лоиҳа — ширкати «ТВЕА CO LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои қисмати дуюми (лоти 2) «Барқарорсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ» 220\110\35\10 кВ, васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» 220\110\10 кВ, сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ миёни зеристгоҳи «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ»- ро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расондааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар хатти интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва васеъсозии зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» 147 нафар мутахассис ба кор ҷалб шуда буданд, ки 81 нафарашро коргарони маҳаллӣ ва 66 тани дигарро мутахассисони хориҷӣ ташкил медоданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи муваффақонаи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ байни зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» бо ҷаҳду талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» аз ҳисоби гранти бебозгашти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардид.
Тавре зикр шуд, ҷиҳати амалӣ кардани лоти 1 ва лоти 2-и лоиҳаи мазкур миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё 27-уми январи соли 2015 Созишномаи грантӣ ба маблағи 54 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст.
Дар ҷараёни амалисозии қисмати дуюми лоти 2-и лоиҳа, 28 декабри соли 2015 миёни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати «ТВЕА CO LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи наздик ба 23 миллион доллари ИМА шартнома имзо шуд.
Маблағи умумӣ барои анҷоми пурраи ин қисмати лоиҳа аз рӯйи шартномаи дуҷониба 26 миллиону 371 ҳазору 929 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли қувваи барқ ва беҳдошти шабакаи интиқоли неруи барқ мебошад.
Дар солҳои қаблӣ хатти интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва минтақаҳои атрофи онро ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи нави 220 кВ ва таҷдиду навсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент, мушкилоти муштариёни минтақа комилан аз байн бардошта шуда, муассисаву корхонаҳои саноатӣ пурра бо барқи хушсифату боэътимод таъмин мегарданд.
Баъди барқарорсозӣ иқтидори зеристгоҳи «Рӯдакӣ» ду маротиба зиёд, эътимоднокии кори таҷҳизоти он баланд, талафоти барқ паст ва сифати интиқоли неруи барқ беҳтар шуд.
Таҷҳизоти дар зеристгоҳҳо истифодагардида аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ ва васлу насби онҳо дар зеристгоҳи «Айнӣ» пурра, дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» марҳилаи аввали он ба анҷом расонида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маънидод ва онро туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки дар шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 280 нафар мутахассис кору фаъолият доранд, ки 60 дарсади онҳоро кадрҳои ҷавони соҳибмаълумот ташкил медиҳад.
28 марти соли 2018 дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст Пешвои миллат дар саҳни маҷмаа аз рӯйи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчанбар гузоштанд.
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии он 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наздик ба 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Масоҳати умумии гулгашти назди Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдон аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шудааст. Пудратчиён ҶДММ «СУ-3» ва ҶДММ «Само» мебошанд. Дар давраи таҷдиди майдон ва гузоштани муҷассама беш аз 80 нафар сокини маҳаллӣ ва сохтмончии соҳибтаҷриба бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Муҷассама бо истифода аз металли ранга сохта, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.
Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд, гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.
Намои берунаи бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст, ки ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ давоми як сол беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дорои як толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ мебошад. Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ, инчунин маҳфилҳои гуногун барои омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорати ҷавонону наврасон таъсис ёфтааст. Ғайр аз ин, дар ин макон барои телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, дигар ташкилоту идораҳо утоқҳои корӣ ҷудо карда шудааст.
Дар даромадгоҳи бино ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти 16 ширкати сайёҳӣ аз шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мавзеъҳои сайёҳии водии Зарафшон ва армуғонҳо муаррифӣ гардид. Инчунин, харитаи сайёҳии шаҳри Панҷакент, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои Зарафшон дар қолаб ва пояҳои ягона ба тамошо гузошта шуда буданд.
Аз ҷониби ҷавондухтарон ба таври рамзӣ композитсияи бадеии «Ҳафткӯл — Ҳафт нозанин» намоиш дода шуд.
Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ маҳфилҳои «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ», «Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», «Санъати тасвирӣ», «Зардӯзию армуғонсозӣ», «Адрасбофӣ, қолинбофӣ», «Сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ» ва китобхона ташкил карда шудааст.
Дар маҳфили «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» ба ҷавонон имкониятҳои сайёҳӣ, таърих, маданият, фарҳанг ва урфу одатҳои ниёгон омӯзонида мешавад. Мақсад аз ташкили маҳфил ҳар чӣ бештар муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии мамлакат мебошад. Аъзои маҳфил Сарвари давлатро бовар кунониданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ менамоянд.
Дар маҳфили «Санъати тасвирӣ» ба наврасону ҷавонон ҳунари рассомӣ омӯзонда мешавад. Дар он ҷо намунаҳо аз ҳунари рассомон ва аъзои маҳфил ба намоиш гузошта шудааст. Пешвои миллат ба ҳунари аъзои маҳфил баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз худ кардани илмҳои муосир ва хизмати содиқонаву софдилона ба миллату давлат ҳидоят намуданд.
Дар китобхона беш аз 1200 нусха китоби гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамчунин, дар он ҷо барои мутолиаи хонандагон 10 ҳазор нусха китоби гуногун ба таври электронӣ пешкаш гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакент барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардид.
Баъди тамошои маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо, дар толори калони ин кохи боҳашамат, дар ҳузури Пешвои миллат ва шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Панҷакент, барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ-мусиқии «Ёди бузургон», суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуданд, ки маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.
28 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи «Наврӯз»-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки моҳи октябри соли 2017 оғоз гардид, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП «АСТ-Сохтмон» ва ҶДММ «ПМК-278» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.
Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи «Наврӯз» дар шаҳри Панҷакент, ки бо маблағи беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шудааст, имкон дорад ҳар рӯз 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи он наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо карданд, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то синни 7 машғул шаванд.
Боғчаи бачагонаи «Наврӯз» аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он шароит барои машғулиятҳои гуногун ва будубоши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғча аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат тарбиятгаронро даъват намуданд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошанд.
28 марти соли 2018 дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» — и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои таъомҳои миллӣ, ки ба намоиш гузошта буданд, шинос шуданд.
Занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва ғайраро омода карда буданд.
Бонувони шаҳри Панҷакент дар пухтани маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулча, фатиру қалама ва самбӯса шуҳрат доранд. Пухтани суманак ва сурудхонии гурӯҳи фолклории занон дар доираи иҷрои суннатҳои Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Ҳамчунин, дастурхони ҳафтсину ҳафтшин омода гардида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гузаштагон аз қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл доштанд ва дар тӯли асрҳои зиёд барои эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гачкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.
Либосҳои миллиро духтарони атласу адраспӯш муаррифӣ карданд, ки ҳар нақшу нигори он бозгӯйи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик аст. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти адрасбофон таъкид шуд, ки солҳои охир ин ҳунари ниёгон аз нав эҳё гардид ва чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хоса пайдо намуд, ки намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд.
Ороиши утоқҳо бо либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ аз завқи зебоипарастии занони ҳунарманди шаҳри Панҷакент бозгӯйӣ менамуд. Дар осори пешниҳодкардаи ҳунармандон табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо дар чӯб, санг, гаҷ, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати хоса ифода ёфта буд.
Дар гӯшаи армуғонҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро баҳри ҳар чӣ бештар воридсозии тахайюли эҷодӣ дар туҳфаҳо ҷалб намуданд. Армуғонҳои миллӣ бо истифода аз сангҳои қиматбаҳои дар кӯҳҳои ин водӣ мавҷудбуда бо ҳунари волои чирадастони вилояти Суғд сохта шуда буданд.
Кандакорӣ, сандуқсозӣ, табақҳои гуногун ва дигар маҳсулоте, ки аз чӯб омода мешаванд, писанди ҳозирин гардид.
Дар маҷмӯъ, беш аз 20 намуди асбоби миллии мусиқӣ, аз қабили тор, рубоб, соз, танбӯр, доира, дутор, сетор ва карнай дар намоишгоҳ барои тамошо гузошта шуд. Навозандагиву овозхонӣ, ки ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошанд, аз завқи баланду истеъдоди сокинони маҳаллии ин водӣ дарак медоданд.
Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ, оро ёфта буд ва духтарон намунаи либосҳои арӯсиро муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ҳамон ҷо барои 150 кӯдаки ятим аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Толори барҳавои ин макон бо истифода аз унсурҳои миллии замонавӣ зинат дода шуда буд. Ин тадбири муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаҳои ниёзманд сурат гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд.
28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Абу Дониёров» ва «Саъдулло Рӯзиев» — и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Абу Дониёров» оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи «Саъдулло Рӯзиев» ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент ошно гардиданд.
Дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Абу Дониёров» 20 нафар саҳмдор дар 22 гектар замин ба боғдорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши сабзавот машғуланд.
Иттилоъ доданд, ки қаблан дар масоҳати 4 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи «Абу Дониёров» кишти картошкаи барвақтии навъи «Шукрона» гузаронида шудааст, ки ҳосилнокии он 220 — 300 сентнер аз як гектар буда, дар муддати 110-120 рӯз нашъунамо меёбад.
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, соли равон кишти картошка дар шаҳри Панҷакент 12 баробар афзудааст. Ҳамчунин, масоҳати кишти шолӣ, ғалла, дигар маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва азхудкунии беш аз 200 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии хоҷагии деҳқонии ба номи «Саъдулло Рӯзиев» шинос шуданд. Дар он ҷо ду гармхона дар майдони 10 садяк замин бунёд шудааст, ки дар онҳо помидору бодиринг ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ парвариш меёбад. Дар гармхонаҳо 1 ҳазору 200 ниҳоли помидор ва 2 ҳазор бех бодиринг шинонида шудааст. Мутобиқи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ аз ҳар як ниҳоли помидор то 10 килограмм ва аз ҳар як бех бодиринг то 6 килограмм ҳосил рӯёнида мешавад. Дар шафати гармхонаҳо дар майдони 10 садяки дигар парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуданд.
Сипас, дар назди хоҷагиҳо намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба заҳмати софдилонаи меҳнаткашони шаҳри Панҷакент ба мардуми шаҳр 2 адад трактор, 1 комбайни ғалладарав, 8 адад таҷҳизоти кишти картошка ва ҳосилғундор туҳфа карданд.
Намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳри Панҷакент низ аз ҳосили дастранҷи деҳқонон хеле ғанию фаровон ба назар мерасид. Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 намуд маҳсулот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз, помидору бодиринг, себ, ангур, ғалладонагӣ, шир, тухм, асал, маҳсулоти қаннодӣ, инчунин таомҳои миллии наврӯзӣ, маҳсулоти дастии ҳунармандон — кулолгарон, оҳангарон, зоти гуногуни чорвои калону майда барои тамошо гузошта шуда буданд.
Шаҳри Панҷакент аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани дастурхони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 322 га заминҳои обиро дар ихтиёр дорад, ки 3 ҳазор гектари онро картошка, 800 га офтобпараст ва 1 ҳазору 503 гектарашро шолӣ ташкил менамояд.
Сарвари давлат дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо баҳри таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.
Шоми 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки дар рӯзҳои фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда ба нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, онҳоро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору Наврӯзи хуҷастапай бо иштироки ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ хеле бошукӯҳ ва хотирмон баргузор гардид.
www.president.tj