1 апрел - Рӯзи ханда

Дилханда

№40 (3834) 31.03.2018

 Занак, имрӯз ту болонишинӣ,

Хушо, дар корхона хӯҷаинӣ.

Вале дар хонаи худ ҳад надорӣ,

Ки аз ман, шавҳарат, боло нишинӣ.

 

Ба ғайри ту зани дигар надорам,

Ба ишқи дигаре бовар надорам.                           

Дузандорӣ, занак, як рӯзи ҳашр аст,

Таманнои чунин маҳшар надорам.

 

Биё, ман садқаи лаъли лабонат,

Шавам ман садқа бар шаҳди забонат.

Гаҳе талху турушу гоҳ тезӣ,

Биё, ман садқаи суду зиёнат.

 

Занак, як кулча рӯи ту маро бас,

Аз он як хурма бӯи ту маро бас.

Ту ҳар коре кунӣ, майлаш, иҷозат,

Ҳамин, ки банда шӯи ту, маро бас.

 

Занак, ку нозҳои духтариат?

Куҷо шуд чеҳраи ҳамчу париат?

Туро сад бор дилбар гуфта будам,

Нишоне ҳам намонд аз дилбариат.

 

Ту гул не, ҷони ман, охир, ту булбул,

Ба гӯшам мезанӣ сад нағма ғул-ғул.

Гул охир бӯй дорад, безабон аст,

Забони ту вале гӯяд фақат «пул».

 

Ман аз ту ҳеҷ гаҳ дурӣ надорам,              

Умуман майли ноҷӯрӣ надорам.

Сабурӣ мекунам сад соли дигар,

Чӣ чора, қуввати зӯрӣ надорам.

 

Занак, ҷонӣ, ки дар қалбам нишинӣ,

Наботу қанду шаҳду ангубинӣ.

Ман аз ту ҳеҷ гаҳ боло нашинам,

Ба ту мезебад ин болонишинӣ.

 

Муҳаббатро зи ту омӯхтам ман,

Зи нори ин муҳаббат сӯхтам ман.

Намепухтам, азизам, бе ту ҳаргиз,

Дар оташхонаи ту пухтам ман.

 

Занак, мо куҳнаву ту нав ба нав пӯш,

Либоси напа — нав вақти дарав пӯш.

Ту бовар мекунӣ, як тин надорам,

Бирав, бозору гиру бо гарав пӯш.

 

Агар аз ман хатое рафт, бахшиш,

Мабодо носазое рафт, бахшиш.

Зи ту гар сад ҷафое рафт, майлаш,

Агар аз ман ҷафое рафт, бахшиш.

 

Занак, ҷоҳу ҷалоли ман насибат,

Тамоми молу ҳоли ман насибат.

Маро як тоқию як ҷомаам бас,

Маро ин дафтару ин хомаам бас.

Ҷӯрабеки МУЪМИН