Пеш аз соҳибистиқлолии мамлакат китоби шеърҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар яке аз ҷумҳуриҳо ба табъ мерасад ва ба номи ӯ унвонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 1,5 ҳазор сӯм мефиристанд. Баъди чанд моҳ, ҳангоми баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар он кишвар шахси масъули нашриёт, фиристандаи пул аз як адиби мо мепурсад: «Чаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорабинӣ ширкат надорад? Ё малол шудааст, ки ҳаққи қаламашро кам гузоштем?».
Адиби мо, ки аз қазия огоҳ буд, посух медиҳад: «Оре. Чанд вақт пеш мири Хуросон барои як шеъраш чил ҳазор дирам медиҳад, ки он аз чил ҳазор сӯм зиёд мебошад. Худаш ин ҳақиқатро дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» низ баён доштааст: «Бидод мири Хуросон — ш чил ҳазор дирам». Агар ҳақиқати дигарро бароят гӯям, маранҷ. Устод он пулҳоро чун нишони эътироз нагирифт ва мо ба хазинаи адабиётамон интиқол додем».
А. РАҲИМ