Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Пешвои миллат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маҳсулоти озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад. Сардори давлат ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ диққати махсус дода, таъкид намуданд: «Дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шаванд».
Соли 2017 бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» дар мамлакат 4314 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Дурнамои нақшаи иҷрои барномаи мазкур 106, 2 фоиз таъмин гардид. Аз боғу токзорҳои бунёдгардида 2381 гектари он дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд ёфтааст. Дар доираи амалисозии барномаи зикршуда ва дастурҳои дар Паём таъкидшуда майдони боғу токзор дар ҷумҳурӣ сол то сол васеъ ва содироти меваю маҳсулоти боғу токзор зиёд хоҳад шуд.
Ҳоло масоҳати боғу токзор дар ҷумҳурӣ 186634 гектарро ташкил медиҳад, ки 125839 гектари он мевадиҳанда аст. Соли сипаришуда дар мамлакат 633341 тонна мева — 228303 тонна ангур, 132868 тонна себ ва 130315 тонна зардолу истеҳсол карда шуд.
Нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад, ки ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид намуданд: «Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои логистикӣ ва сардхонаҳо, инчунин беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ (маркетинг) низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад».
То ҳол дар ҷумҳурӣ 276 анбору сардхона бо ғунҷоиши 289241 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст. Танҳо соли сипаришуда 5 сардхона бо ғунҷоиши 3770 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Аз сабаби он ки қариб 70 дарсади сокинони мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд, соҳаи кишоварзӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дурнамои хуб дорад. Ин нуктаро Президенти мамлакат дар Паём чунин баён намуданд: «Мо бояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва тавассути ҳар чӣ бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, сохтмони корхонаҳои хурду миёна ва азхудкунии заминҳои навро, ки омили муҳайё кардани ҷойҳои кори нав мебошанд, ҷиддӣ ба роҳ монем».
Дар ноҳияҳои Ашт, Ҷайҳун, Носири Хусрав ва Деваштич бо андаке сармоягузорӣ метавон садҳо гектар заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ дохил карда, ҳазорон нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд. Бунёди боғу токзори лалмӣ ва гармхонаҳо низ боиси таъсиси ҷойҳои кори нав мегарданд. Дар ин самт имкониятҳои то ҳол истифоданашуда зиёданд. Боварӣ дорем, ки соҳибкорони ватанӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, дар татбиқи сиёсати аграрӣ, афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровонии бозор саҳми худро мегузоранд.
Хурсандии парандапарварони ҷумҳурӣ аз он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат парандапарвариро соҳаи афзалиятнок баҳогузорӣ намуда, баҳри рушди он ворид намудани технологияю таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳаро аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод намуданд, ки замина барои рушди минбаъдаи соҳа мебошад.
Соли гузашта истеҳсоли тухми инкубатсионӣ 900000 донаро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 — ум чор маротиба зиёд аст. Аз ин миқдор тухми инкубатсионӣ 670000 сар чӯҷа гирифта шуд, ки дар муқоиса ба соли 2016- ум 4,5 маротиба зиёд мебошад. Раванди самарабахши такрористеҳсолкунӣ ба зиёд гардидани саршумори паранда то 204193 сар ва истеҳсоли тухм то 4247300 дона мусоидат намуд. Дар Паём Пешвои миллат қайд намуданд, ки вазорату идораҳо фаъолиятро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва технологияҳои нав, ҳар чӣ пурсамар роҳандозӣ намоянд.
Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад. Бинобар ин, бояд ҷавонон ҳар чӣ бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар гарданд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад. Илм пойдевори асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Соли гузашта, аз ҷониби олимони соҳа корҳои илмӣ оид ба 60 мавзӯъ, дар 74 қитъаи таҷрибавию намоишӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалию зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра амалӣ карда шуд. Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо 7 навъи ихтироънамудаи олимони АИКТ минтақабоб гардонда, барои санҷиш ва минтақабобкунӣ иловатан 21 навъу дурагаҳо, аз он 7 навъи пахта, 6 навъи ғалладонагӣ, 2 навъи зироати хӯроки чорво ва 6 дурагаи сабзавот пешкаш карда шуд.
Дастовардҳои илмии олимони соҳа бо 19 ихтироъ ва навоварӣ, аз он 11 патент, 3 қарори мусбат барои гирифтани патент, 5 гувоҳномаи ихтироъ ва 5 шаҳодатномаи муаллифӣ тасдиқ гардид ва ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» 2 арзнома барои гирифтани патент пешниҳод шуд. Дастоварди се корманду унвонҷӯйи муассисаҳои илмӣ бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шуд.
Дар назди 2 Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 16 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.
Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба воситаи 2 Маркази татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 469,7 млн сомонӣ (53,3 млн. доллари ИМА) амалӣ гардида истодааст.
Қисмати зиёди Паём, ки ба соҳаи кишоварзӣ бахшида шудааст, моро вазифадор месозад, ки бештар заҳмат кашида, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегӣ — ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем.
Шамсиддин СОЛИЕВ,
муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва идоракунии дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон