Роғун баъди Хоруғ дуюмин шаҳри ҷумҳурӣ мебошад, ки дар кӯҳистон ҷойгир шудааст. Дар фазои сулҳу оромӣ ва аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он сол то сол ободу зеботар мегардад. Чунончӣ, соли сипаришуда бо иқдоми соҳибкорони шаҳр бахшида ба ҷашнҳои Наврӯз, 20 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд иншооти маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҳисоби сармояи дохилӣ дар маркази шаҳр ва деҳоти «Қади Об» яктоӣ майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар даромадгоҳи шаҳр маҷмааи фароғатии «Нақб» бунёд ёфт. КВД «Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ» бо чархофалак, арғунчак ва дигар таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гашта, ба стандартҳои шаҳрдорӣ мутобиқ гардонда шуд.
Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим зимни суҳбат иброз дошт, ки соли гузашта дар шаҳр маркази хизматрасонӣ, коргоҳи адрасбофӣ, сехи симтӯрбофӣ ба кор даромад. Аз ҳисоби Мудирияти минтақаи зериобшавандаи «НБО-и Роғун» ду муассисаи таълимӣ дорои 640 ҷойи нишаст, як бунгоҳи тиббӣ ва аз ҳисоби ҶСК «НБО-и Роғун» истгоҳи шабонарӯзии мошинҳо сохта, ба истифода дода шуд.
- Ҳоло бунёди Маҷмааи варзишию фарҳангӣ ва солимгардонӣ дар кӯчаи «25-солагии Истиқлолият», сохтмони чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона дар шаҳр идома дорад, — гуфт Билол Иброҳим. -Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар деҳаи Қандак сохтмони мактаб барои 520 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Назорати ҳолати биноҳои истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар иншооти дохили шаҳр ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Соҳибмулкон дар корҳои ободонӣ, бетонфаршкунӣ, шишабандӣ, сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар гирду атрофи биноҳои баландошёна фаъолона ширкат меварзанд.
Ба гуфти мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун Акобир Ҳасанов, соли сипаришуда ҷиҳати сабзгардонӣ ва гулзоркунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр 2147 бех ниҳоли дарахти мевадиҳандаи зардолу, гелос, шафтолу ва олу, 1774 бех дарахти ороишӣ, аз қабили сӯзанбарг, арча ва туя, 813 бех татум, ақоқиёи сафед,12600 бех садбарг ва 9984 бех ниҳоли гулҳои гуногун шинонида шудаанд.
- Соли равон ташкилоту муассисаҳои шаҳр 1268 бех ниҳоли дарахти сояафкан, 868 бех дарахти мевадиҳанда ва зиёда аз 278 бех дарахти ҳамешасабз шинониданд. Ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд, зеро ниҳолшинонӣ идома дорад, — гуфт А. Ҳасанов.
Бо сабаби камбориш омадани соли гузашта оби чашмаҳои мавҷудбуда, ки дар сарчашмаи дарёчаи деҳаи Гули Сурх воқеанд, кам гашт. Бо кумаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оби чашмаи дараи Зебо, ки дар поёни деҳаи Хоҷакалон воқеъ аст, бо қубури 150 миллиметра ба масофаи 120 метр бо қубури марказӣ пайваст карда шуд. Илова бар ин, дар масофаи зиёда аз 1,8 километр қубури 500 миллиметра, ки хатти дуюми оби нӯшокиро ташкил медиҳад, тармим шуда, бо қубури марказӣ пайваст гардид. Ду обанбори деҳаи Гули Сурх аз лою қум тоза карда шуданд. Дар натиҷаи амалишавии ин тадбирҳо воридшавии об ба шаҳр 15 фоиз зиёд гардид.
Билол Иброҳим зикр намуд, ки 8 деҳаи деҳоти «Сичароғ» ҳамчун деҳаҳои минтақаҳои зериобмонии «НБО-и Роғун» эътироф шудаанд. Шумораи муҳоҷирон дар минтақаи зикршуда 438 оиларо ташкил медиҳад, ки аз онҳо 199 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида шудаанд. Ҷиҳати кӯчонидани 238 оилаи боқимонда аз минтақаи зериобшаванда дар деҳаи Сайидони болои деҳоти «Сичароғ» барои 108 оила, Ёли Гармобаи деҳоти «Қади Об» барои 86 оила ва дар заминҳои деҳаи Луғури деҳоти «Сичароғ» барои 44 оила қитъаҳои замин пешбинӣ шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои оилаҳои кӯчонидашуда — таъмини оби нӯшокӣ, полезӣ, гузаронидани хатти интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохили хоҷагӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар мавзеъҳои зикршуда корҳои зарурӣ марҳила ба марҳила ба иҷро расида истодаанд. То ҳол дар мавзеи Ёли Гармоба ва Сайидон 143 хонаи истиқоматӣ пурра омода гардида, 17 хона нимтайёр ва 17 оилаи дигар таҳкурсии хонаашонро рехтаанд. Алҳол 104 оила дар мавзеи нав зиндагонӣ менамоянд.
Дар шаҳри Роғун 42 мактаби таҳсилоти миёна ва умумӣ, Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, мактаби бачагонаи мусиқӣ, гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун ва Коллеҷи муҳандисию техникӣ фаъолият менамоянд. Ба таълиму тарбия дар онҳо 559 муаллим машғуланд, ки 226 нафарашон бону мебошанд. Соли гузашта 20 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун тибқи Квотаи президентӣ сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Аз рӯйи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 70 нафар зану ҷавондухтари бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб гардида, 30 нафар ҳунари дӯзандагӣ ва 40 нафар ихтисоси «муҳосиб бо дониши компютерӣ»-ро аз худ намуданд.
Вобаста ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои хонагӣ аз ҳисоби занон дар шаҳри Роғун рушд ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида истодааст. Ҳоло зиёда аз 70 нафар бону ба либосдӯзӣ, самбусаю кулчақанд ва нону кулчапазӣ, бофтани ҷӯробу жемперҳо, заргарӣ, муҳракашӣ, тайёр кардани гарданбандҳои бадахшонӣ, кокулҳои муҳрадор, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ ва гулдӯзӣ машғуланд. Табақтароши роғунӣ Шоҳюсуф Ёқубов бо ҳунари воло дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Табақҳои тарошидаи ӯ аз 50 см то 1,5 метрро ташкил медиҳанд. Алҳол ӯ ба тарошидани табақи 2 — метра машғул аст. Месазад, ки табақи тарошидаи ӯро ҳамчун калонтарин табақи чӯбин ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил кард. Хуб мешуд, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус мусоидат намояд.
Дар шаҳри Роғун ин гуна ҳунармандон, ба монанди Саймуқаддам Фозилови оҳангар, Усто Самади сабадбоф, Меҳрубон Шукуроваи дӯзанда, Бобоҷон Маликови рубобу думбратарош хеле зиёданд.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тибқи қарори раиси шаҳри Роғун рӯзҳои якшанбе дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Даромадгоҳи шаҳри Роғунро лавҳаи муқаддасоти миллӣ, Парчам ва қаҳрамонони Тоҷикистон зеб медиҳад. Ба истифодадиҳии Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ ба симои маркази шаҳр ҳусни тоза зам мекунад. Чароғҳои рангоранги кӯчаҳои маркази шаҳр шабҳангом дили ҳар бинандаро аз фараҳ лабрез месозанд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободонӣ минбаъд низ корҳои назаррасро ба сомон хоҳад расонд, — гуфт дар хотима Билол Иброҳим.
С. Наҷмиддинзода,
«Садои мардум»