Ғанигардонии орди гандум яке аз масъалаҳоест, ки солҳои охир мавриди баҳсу мунозираҳои зиёд дар бисёр мамлакатҳо, хусусан кишварҳои пасошӯравӣ гардидааст. Чанд кишвар, аз ҷумла, ҳамсояҳои мо — Ӯзбекистону Қирғизистон, Туркманистону Қазоқистон ва Молдова низ қонун дар бораи ғанигардонии ордро қабул карданд. Вале лоиҳаи ин қонун дар ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистон низ омода гардида бошад ҳам, қабул нагардид.
Соли сипаришуда дар матбуот борҳо оид ба ин масъала матолиб нашр шуд ва назарҳо мухталиф буданд. Бо вуҷуди таъкиди бархе аз масъулин, бобати он ки лоиҳаи қонун дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандум то охири сол қабул мегардад, масъала ниҳоӣ нашуд ва ин бесабаб нест. Мазмун: «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?» Нон ғизои асосии мардум буду ҳаст ва халалёбии таркиби он метавонад барои имрӯзу ояндаи миллат оқибатҳои ногувор ба бор орад.
Ҳадафи тарафдорони ғанигардонии орд бо микронутриентҳо барқарор намудани норасоии баъзе аз элементҳои кимиёист, ки дар таркиби гандум мавҷуд буда, танҳо дар раванди ордкунӣ аз байн мераванд ё ҳаҷмашон камтар мегардад. Бешубҳа, нияти онҳо нек аст. Вале микронутриент чист ва он чӣ манфиат ё зарар дошта метавонад?
Ба луғатҳо назар меандозем: Микронутриентҳо моддаҳои муҳими биологӣ, элементҳои кимиёие мебошанд, ки барои таъмини фаъолияти муътадили организми одам ва ҳайвонот заруранд. Ин элементҳо дар организми инсон камтар аз 0,001 фоизро ташкил медиҳанд. Микронутриентҳоро ба макро ва микроэлементҳо ҷудо мекунанд, ки ба элементҳои инертии организм муқобиланд.
Ба гурӯҳи макроэлементҳо карбон, гидроген, нитроген, оксиген, фосфор ва сулфур ё олтингӯгирд дохил мешаванд, ки меъёри истеъмоли шабонарӯзии онҳо 200 мг аст. Макроэлементҳоро элементҳои биогенӣ ҳам меноманд, ки аз онҳо сафеда, равған, ангиштоб, фермент, витамин ва ҳормон сохта мешаванд. Элементҳои биогениро бо сарҳарфи лотинии номҳояшон –CHNOPS ифода менамоянд. Меъёри истеъмолии шабонарӯзии макроэлементҳои дигар низ 200 мг аст.
Маҳз ҳамин элементҳо микронутриентҳое мебошанд, ки мо дар назар дорем. Дар илм 30 элемент, аз ҷумла, бром, оҳан, йод, кобалт, манган, мис, молибден, селен, фтор, хром, рӯҳ ва ғайра барои фаъолияти муътадили организми одам ва ҳайвон зарур дониста мешавад. Микронутриентҳо моддаҳои ивазнашавандаи ғизоӣ буда, дар таркиби хӯрок ба миқдори хеле кам- миллиграмм ва микрограммҳо мавҷуданд. Онҳо манбаи энергия нестанд, аммо дар ҳазмшавии хӯрок, банизомории функсияҳо, амалӣ намудани равандҳои ташаккул, мутобиқшавӣ ва инкишофи организм иштирок менамоянд.
Норасоии элемент ва моддаҳои барои организм зарурӣ бо сабабҳои зерин низ ба вуҷуд меоянд:
- истеъмоли нодурусти хӯрок;
- хусусияти геологии минтақа, ки баъзе элементҳо дар он мавҷуд нестанд;
- хунравӣ, бемории крон, захми меъда;
- истеъмоли баъзе доруҳо.
Ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҳама ҳолат инсон метавонад бидуни микронутриент саломатии худро ҳифз намояд. Бар замми ин, дар раванди ҳазмшавии микронутриентҳо дар организми инсон метавонад муқовимат (антагонизм) ба вуҷуд ояд, ки оқибати онро пешгӯйӣ кардан душвор аст. Тарғибгарони қонун дар бораи ғанигардонии орд бояд ин хатарро низ ба инобат бигиранд. Ҳамчунин, чаро онҳо наандешидаанд, ки каме тағйир додани технологияи ордкунӣ шояд талафёбии элементҳои кимиёвии таркиби гандумро пешгирӣ карда, метавонад мушкили норасоии элементҳоро дар таркиби орд худ аз худ аз байн барад.
Иқдом бобати ғанигардонии орд ба таври сунъӣ ба вуҷуд оварда шудааст, гарчанд аз ҷониби Барномаи умумиҷаҳонии озуқа амалӣ мешавад, маблағгузории онро давлати Исроил ба зимма дорад ва то кунун 82 кишвар дар бораи ғанигардонии орди гандум қонун қабул кардааст.
Соли 2014 дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арманистон низ лоиҳаи қонун «Дар бораи ғанигардонии орд» таҳия гардид. Тибқи он, ба таркиби орд бояд оҳан ва кислотаи фолат(фолиевая кислота) илова шавад. Таҳиягарон онро ба асос гирифтаанд, ки дар як сол дар Арманистон бо сабаби норасоии ин ду элементи кимиёвӣ 80 тифл бо иллатҳои системаи асаб ба дунё меояд.
Ҷомеаи Арманистон ба қабули қонун муқобил баромад. Фаъолони Ҳаракати ҷамъиятии «Бо роҳи гузаштагон» ва Гурӯҳи ташаббускори «Барои ғизои солим» изҳор намуданд, ки ба қабули қонун ҳоҷат нест. Норасоии элементҳоро бо роҳҳои дигар ва истеъмоли маҳсулоти табиӣ барқарор намудан мумкин аст. Масалан, дар таркиби гӯшту ҷигар оҳане мавҷуд аст, ки барои организми инсон мувофиқ ва зудҳазм мебошад.
Барои таҳлилгарон аҷиб аст, ки дар лоиҳаи қонун «Дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандум» барои саркашӣ аз ғанигардонии орд ситонидани ҷарима аз хоҷагидорон пешбинӣ гардидааст. Чаро таҳиягарони қонун ба истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда ҳуқуқи интихоб намуданро додан намехоҳанд?
Ходими ҷамъиятии Арманистон Хачик Стамболсян ва духтури парҳезшинос Айказ Саргсян таъкид менамоянд, ки аз меъёр зиёд гаштани иловаҳои ғизоӣ сабаби бемориҳо ва тағйирёбии генетикии кӯдакон мегардад. Технологи иттиҳодияи илмиву истеҳсолии «Круп» Александр Селимян мегӯяд: «Дар мавриди манфиат ва ё зарари орди ғанигардондашуда касе далелҳои дар тадқиқотҳо санҷидашуда надорад…»
Биолог Долорес Капасян ҳушдор додааст: «Оҳани зиёдатӣ дар ҷигар, мағзи сар, ғадуди зери меъда ва рагҳо ҷамъ шуда, хатари дар организм пайдо гардидани ҳар гуна ноҷуриҳоро ба вуҷуд меорад. Ин хатарҳо бештар ба мардон таҳдид мекунанд. Зеро организми бонувон дар давраи бемориҳои ҳармоҳа тавассути хун худ бо роҳи табиӣ аз оҳани зиёдатӣ тоза мегардад.
Зиёдшавии ҳаҷми кислотаи фолат бошад, ба инкишофёбии ҳормонҳои занона мусоидат менамояд, ки он ҳам фоида надорад».
Тибқи пажӯҳиши Pharmacologial Reviews зиёдшавии оҳан метавонад ба саломатии инсон хатар ворид созад, зеро бисёр одамон ин элементро бо зироатҳои донагӣ ба дараҷаи кофӣ истеъмол менамоянд.
Духтурони Арманистон мегӯянд, ки организми инсон танҳо омехтаҳои табиии оҳанро қабул менамояд. Оҳани ба таври сунъӣ ҷудошударо организм рад мекунад. Яъне, ба орд илова намудани оҳан нафъе нахоҳад дошт. Бар замми ин, бархе аз оҳан аллергия доранд, ки ин ҳолат сабаби зардаҷӯш, шикамдард, қабзият ва оқибатҳои вазнинтар низ гашта метавонад.
«Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои Аврупо ба истифодаи ҳама гуна иловаҳо ба ғизо муқобил баромадаанд, чаро дар кишварҳои пасошӯравӣ чунин қонун қабул карда шавад?» — мепурсанд таҳлилгарони арман.
-Чаро давлати Исроил барномаи ғанигардониро маблағгузорӣ намояд ҳам, худ орди гандумиро ғанӣ гардондан намехоҳад? — мегӯяд Стамболсян. — Ин гуна барномаҳо таҷрибаҳои лабораторианд, ки бо саломатии инсонҳо мегузаронанд…
Вақтҳои охир дар матбуоти ҷумҳурӣ оид ба ғанигардонии орд матлабе ба табъ намерасад. Гӯё ҳама ин масъаларо фаромӯш кардаем. Вале рӯзе тарғибгарони он ҳатман кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то қонун дар бораи ғанигардонии орд қабул гардад.
Ҳоло ки дер нашудааст, зарур ва ногузир аст, ки ин раванд пешгирӣ ва дар заминаи далелу арқоми асоснок ба мубаллиғони он посухи сазовор дода шавад. Ҷоиз нест, ба хотири маблағгузории касе, ки ҳадафаш шубҳабарангез аст, худро гирифтори мушкилоту беморӣ созем.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»