Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Баррасӣ ва ҷонибдории қонунҳои мукаммал

№109 (3094) 31.08.2013

29 августи соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

DSC_0631

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи  маълумоти пешакӣ аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат!

Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи  экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Талбак Салимов, намояндаи  доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ- Сироҷиддин Аслов, директор оид ба масъалаҳои тиҷорат ва молияи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» -Шералӣ Кабиров,  Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ- Ҳукматулло Аҳмадов, Президенти Академияи илмҳои тиб — Нусратулло Файзуллоев, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала ба таваҷҷуҳи шумо матни лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

DSC_0574

Раиси котибот:

Ғуломшоева Қобиламо Кановна

Аъзои котибот:

Абдуллоев Ҳамид,

Абдураҳмонов Саидумрон Назарович.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Чӣ гуна таклифҳо доред? Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайати котибот интихоб шуданд, хоҳишмандам ба ҷойҳои кориашон гузаранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро  муайян намоед. Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:

1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»

2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»

3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»

4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

5. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 августи соли 2013».

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзнома- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» шуруъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0189Саймурод ТАҒОЕВ: Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Ф.Шоиддинов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Катаев, Ш.Шабдолов ва Ш.Самадов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2013 қабул намудааст.

Пеш аз ҳама, зикр кардан бамаврид аст, ки ҳанӯз соли 2011 аз тарафи собиқ аъзои Маҷлиси миллӣ Матлубхон Давлатов ва аъзои Маҷлиси миллӣ, узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Фазлиддин Шоиддинов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» ва ҳамзамон худи ҳамон сол аз ҷониби вакилони Маҷлиси намо-яндагон А.Катаев, Ш.Шабдолов ва Ш.Самадов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд.

Тибқи муқаррарот лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаи худ аз ду лоиҳа як лоиҳаи муштарак ва умумӣ таҳия намуданро пешниҳод намуд.

Бо ин мақсад гуруҳи корӣ ташкил дода шуд, ки лоиҳаи қонунро 31 декабри соли 2012 омода ва ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Лоиҳаи қонун пас аз баррасии ҳамаҷониба 13 июни соли ҷорӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикиро муайян менамояд.

Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» аз фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ дар самти истифодаи самаранокии захираҳои энергетикӣ, ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагони захираҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва механизмҳои иттилоотӣ, ки истифодабарии сарфаҷӯёнаи захираҳои энергетикиро таъмин менамоянд, иборат мебошад ва барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишвар заминаи мувофиқ мегузорад.

Дар қонун асосҳо ва принсипҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, аз ҷумла ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, тақсимот ва истифодабарии захираҳои энергетикӣ, мақомоти ваколатдори амаликунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ваколатҳои онҳо, объект ва субъектҳои муносибати сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки дар қонуни мазкур аввалин маротиба дар соҳаи энергетикаи мамлакат таъсиси фонди миллии дастгирӣ оид ба рушд, самаранокӣ ва сарфа­ҷӯии энергия пешбинӣ шуда­аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тартиби фаъолияти он муқаррар мегардад.

Аз ин лиҳоз, бо ҷонибдорӣ гардидани қонуни мазкур барои ба шароити имрӯзаи муосир мутобиқ гардонидани соҳаи энергетикаи кишвар ва рушди минбаъдаи он шароити мусоиди бештар ба миён меояд.

Қонун аз 11 боб ва 32 модда иборат буда, дар бобҳои 1 ва 2-юми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар соҳаи сарфа­ҷӯӣ ва самаранокии энергия, прин­сипҳои танзими ҳуқуқӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, вако­латҳои мақо­ми ваколатдори давлатӣ ба таври пурра дарҷ гарди­дааст.

Бобҳои 3 ва 4 масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи сар­фаҷӯӣ ва самаранокии энер­­гия, экспертизаи давла­тии энерге­тикӣ, таҳқиқоти энерге­тикӣ ва гузаронидани таҳқиқо­ти ҳат­мии энергетикиро дар бар мегиранд.

Таъмини иттилоотии чора­би­­ниҳо ва системаи давлатии иттило­от, самт­ҳои дастги­рии давлатӣ ва тартиби назорати давлати­ро бобҳои 5, 6 ва 7 ба танзим медароранд.

Дар боби 8 тартиби стан­дар­тизатсия ва регламентҳои техникӣ, сер­ти­фи­катсия, мет­ро­логия, меъ­ёр­­ҳои сарф ва меъёрҳои талафоти захи­раҳои сӯзишворию энерге­тикӣ муай­ян гардидааст.

Чораҳои иқтисо­дии сарфа­ҷӯӣ ва самаранокии энер­гия, маблағгузории барно­маҳо, тарти­би ҳавасмандгардонии ис­теҳ­сол­ку­на­н­дагон ва истеъ­мол­­кунандагон, чораҳои таъ­си­р­­расонӣ дар мав­риди ғайри­са­маранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзиш­ворию энергетикӣ, Фонди рушди манбаъҳои барқарор­ша­вандаи энергия ва сарчаш­маҳои он дар бобҳои  9 ва 10 дарҷ гардидааст.

Ҷавобгарӣ барои риоя накар­дан, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро боби 11 ба танзим медарорад.

Қонун ба меъёрҳои консти­тутс­и­­­онӣ, қо­нун­­ҳ­ои амалку­нан­да ва санадҳои ҳуқуқии байнал­мила­лие, ки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон онҳо­ро эъти­роф карда­аст, муто­биқ буда, куми­таи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намо­ед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» пешниҳод карда мешавад.

Сухан  оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич дода мешавад. Марҳамат!

DSC_1693Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ: -Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон С.Амиршоева, А.Қарақулов, М.Кари­­мов ва Р.Латипов пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2013 қабул намудааст.

Қонун муносибатҳои ҷамъияти­ро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорво­до­рӣ ва таъми­ни амнияти озуқаво­рии мамлакат равона гардида, аз 5 боб ва 32 модда иборат мебошад.

Мафҳумҳои асосӣ, истифодаи қитъа­ҳои замин ва объектҳои обӣ барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ, серти­фи­кат­сияи маводи (маҳсулоти) зотӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ва селек­си­онӣ дар соҳаи зотпарварӣ дар боби  1 пурра дарҷ гардидааст.

Дар боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, вази­фа­ҳо оид ба ташкили фаъо­лият, нози­рони давлатӣ, феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ, дастги­рии давлатии зотпарварӣ ва таъми­ноти илмӣ ба танзим дароварда шудааст.

Ҳуқуқ ва амалӣ намудани фаъолият, корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, аттестатсияи фаъоли­яти субъектон ва бақайдгирии давлатии маводи зотпар­варӣ дар боби 3 нишон дода шудааст.

Эътироф намудани маводи (маҳ­сулоти) зотӣ ва додани шаҳодат­но­маи зотӣ, баҳодиҳии маводи (маҳ­сулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотӣ, истифода ва фурӯши маводи (маҳ­сулоти) зотӣ ба таври мушах­хас дар боби 4 қайд гардидааст.

Муқаррароти хотимавӣ, ҳам­ко­ри­­­ҳои байналмилалӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи зотпарварӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро боби 5 ба танзим медарорад.

Қонун ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалии эътироф­кар­даи Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» шуруъ менамоем. Марҳамат, Давлатшо Қурбоналиевич!

Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ С.Валиев ва вакилони Маҷлиси намояндагон С.Ёқубзод, Р.Латипов, А.Қара­қу­лов, М.Ҳисориев ва О.Сафаров пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона шудааст.

Қонун аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, боби 1 аз мафҳумҳои асосӣ,  қонун­гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳо ва принсип­ҳои танзими давлатӣ дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ иборат мебошад.

Бобҳои 2 ва 3 салоҳияти Ҳуку­ма­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколат­ҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мони­торинг ва феҳристи давлатӣ, ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ, маҳдуд ва қатъ кардани ҳуқуқи сайди моҳӣ, додани объект­ҳои обӣ ва қитъаҳои алоҳидаи онҳо барои истифода бо мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳиги­ри­ро дар бар мегиранд.

Намудҳои фаъолият, бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ, моҳипар­варии молӣ, моҳипарварии истиро­ҳа­тӣ, истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ ва селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ дар боби 4 ба таври пурра инъикос ёфтааст.

Дар боби 5 намудҳо ва қоидаҳои моҳигирӣ, моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ, моҳи­ги­рӣ дар объектҳои обии ҳудуд­ҳои табиии махсус муҳофизат­шаванда, маҳдудият ба моҳигирӣ, маҳдудияти сайди намуд­ҳои нодир ва Шӯрои илмию истеҳсо­лии моҳипарварӣ дарҷ гардидааст.

Бобҳои 6 ва 7 объектҳои обӣ ва моҳигирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофи­зат­шаванда, талабот нисбат ба ҳифзи захираҳои моҳӣ, ҷавоб­гарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамо­янд.

Бо дарназардошти ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қо­нун­ҳои амал­ку­нан­да ва санадҳои ҳу­қуқии бай­нал­­милалии эътирофкардаи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷи­кис­тон мутобиқ будани қону­ни маз­кур кумитаи мо нис­бати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­ман­дем онро ҷониб­дорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи чоруми рӯзнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» пешниҳод мегардад.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич дода мешавад. Марҳамат!

DSC_1360Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Илолов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ,  А. Хонов ва М. Ҳакимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур тақвият бахшидан ба раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равона намудани ташаббусҳои шаҳрвандон ба  рушду нумуи ҷомеа мебошад.

Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият танзим менамояд.

Қонуни пешниҳодгардида аз 5 боб ва 18  модда таркиб ёфтааст.

Боби 1 аз чор модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, аз қабили фаъолияти волонтёрӣ, волонтёр, дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ, ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ, самтҳои фаъолияти волонтёрӣ, истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ, вазифаҳои қонуни мазкур ва принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ пурра шарҳ дода шудаанд.

Боби 2 аз панҷ модда иборат буда, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волонтёр, уҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунанда,  масъулияти тарафҳо ва ҳалли баҳсҳоро  ба танзим  медарорад.

Боби 3 аз чор модда иборат буда, дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва иштироки ташкилотҳои ҷалбкунанда дар рушди фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ гардидаанд.

Боби 4 аз ду модда иборат буда, дар он тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва тадбирҳо оид ба эътироф ва қадрдонии фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ гардидаанд.

Боби 5 аз се модда иборат буда, фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигии худро диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии шумо  масъалаи ниҳойии рӯзнома-лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 августи соли 2013» пешниҳод мегардад.

Дар муҳокимаи ин масъала раиси Комиссияи экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадшариф Ҳақдодов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Сироҷиддин Аслов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли  аҳолӣ ва экология  Садриддин Шарипов иштирок намуданд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 августи соли 2013» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Раис: — Раиси Котибот  гуфтание доред? -Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд?  Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаашон дар кори иҷлосия ташаккур  мегӯем.

Дар иҷлосияи мазкур 4 қонун баррасӣ гардид, ки ҳамаи онҳо қонунҳои мукаммал мебошанд.

Бо ҳамин Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам  МӮСОЕВ, «Садои мардум».