Бо дарназардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 11 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018, №513 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017, шашуми апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита иброз дошт, ки Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва мувофиқи моддаи 38 Конститутсия «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад».
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоби мавзӯи баррасишавандаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки аз ибтидои пайдоиш ва ташаккулёбӣ инсоният пайваста баҳри ҳифзи сиҳатӣ ва фароҳамсозии муҳити озода талошҳои бесобиқа анҷом дода, ба хубӣ дарк намудааст, ки ҷавҳари ҳастии инсон саломатист.
- Инсон мавҷуди сироятшаванда аст ва осебпазирӣ ҳамеша тақозо мекунад, ки паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ шавад, вале то ба имрӯз ҳеҷ кадом аз кишварҳои ҷаҳон комилан дар ин ҷода муваффақ нашудаву мудом дар муборизаанд, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуда, дар Паёмашон қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».
Маҳз тавассути ҳамин сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар кишвар ҳар сол даҳҳо муассисаи нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, сохта ба истифода дода мешаванд ва маблағгузории соҳа афзуда, дар маҷмӯъ, омили асосии беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мегардад.
Аз ҷониби дигар, дар кишвар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд, ки ҳама самти фаъолияти соҳаи тандурустии кишварро ба танзим медароранд. Махсусан, қабул гардидани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо барномаи давлатӣ метавонанд баҳри батанзимдарории фаъолияти соҳаи тандурустӣ, беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ, нақши назаррас бозанд.
- Бо вуҷуди беҳтар гардидани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пешравӣ дар соҳаи тандурустии кишвар ҳоло ҳам як силсила мушкилот боқӣ мондааст, ки ислоҳи саривақтии онҳо тақозои замон аст, — гуфт дар идома М. Убайдуллоев. — Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол омили муҳиме, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ ва сари вақт дарёфту табобат нагардидани онҳо мебошад.Таъмин нагардидани аҳолӣ бо маҳсулоти босифати хӯрокворӣ, шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ номуносиби зист, сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), нашъамандӣ, сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда дар муассисаҳои аввалияи тиббӣ ва ғайра сабабҳое мебошанд, ки боиси пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ мегарданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани мавзӯи зикргардида эътирофи воқеият, ёфтани роҳҳои ҳалли он, аз байн бурдани монеаҳои ҷойдошта ва амалӣ кардани пешниҳоду тасмимҳои дастаҷамъона мебошад.
Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ доир ба паҳншавии касалиҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ маълумот дод. Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки дар мамлакат тайи даҳ соли сипаригардида (2007-2017) қисме аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои домана 1184 ҳодиса, исҳоли хунин — 1592, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда дар маҷмӯъ — 18933, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас — 130824 ва вараҷа 624 ҳодиса кам гардидаанд, ки аз беҳтар шудани вазъи табобату пешгирии онҳо шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, бемориҳои буғумдард 137 ҳодиса, сурхча — 694, сӯхтанӣ — 16, таби хунин — 6 ва ҳорӣ 5 ҳодиса зиёд шудааст.
Фарҳод Раҳимӣ афзоиши сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) — ро ташвишовар арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки то 1 январи соли ҷорӣ 7552 нафар шахси гирифтори ВНМО дар қайд мебошанд.
-Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаи нави ВНМО дарёфт гардид, ки аз он 177 ҳодиса ба марҳилаи дери беморшавӣ, яъне ҳолате ки дар бемор нишонаҳои клиникӣ ё бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) ба мушоҳида мерасад, дарёфт карда шуд, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ. — Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки он нафарон чанд сол пештар сироят ёфта, ҳамчун нашъаманди тазриқӣ, муҳоҷири меҳнатӣ ё дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз хатари ВНМО огоҳӣ доштанд, вале ягон маротиба аз ташхис нагузашта, ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат накардаанд.
Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар хусуси вазъи бемориҳои сироятӣ маълумот дода, аз афзоиши паҳншавии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) изҳори нигаронӣ намуд.
- Яке аз хусусиятҳои ВНМО он аст, ки пас аз марҳилаи сироятёбӣ дар бемор чанд муддат нишонаҳои худро зоҳир намекунад, — гуфт Насим Олимзода. — Бинобар ин, агар шахси сироятёфта аз ташхис нагузараду ба мутахассис муроҷиат накунад, метавонад ба чанд нафар бемориро гузаронад. Пайдошавии нишонаҳои ВНМО аз системаи масунияти шахси сироятёфта вобастагӣ дорад. Дар ашхосе, ки неруи муҳофизатии ҷисм заиф аст, нишонаҳои беморӣ зудтар намоён мегардад. Агар масуният пурқувват бошад, аломатҳои клиникии беморӣ метавонад 8- 10 сол зоҳир нашавад.
Насим Олимзода, инчунин иброз дошт, ки бо мақсади беҳтар кардани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқию тиббии аҳолӣ ташкили семинару тренингҳо зарур аст. Ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ натиҷаи хуб хоҳад дод. Пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, нашр ва тақсим кардани варақаҳои иттилоотӣ миёни хонандагону донишҷӯён, таҳияи барномаҳои телевизионӣ дар мавзӯи пешгирию табобати бемориҳои сироятӣ низ самарабахш хоҳанд буд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Саодат Аминҷонова, Меҳринисо Бобобекова, Раҳмон Шораҳматов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва дигарон низ вобаста ба баъзе аз паҳлуҳои масъала ибрози назар карда, пешниҳодоти ҷолиб баён намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти пешниҳодоти ироагардида дастур дод, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мушкилоти мавҷуда таҳлилу баррасӣ ва баҳри рафти монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар вобаста ба масъалаҳои пешгирии паҳншавӣ, табобати саривақтӣ, огоҳонидани аҳолӣ аз хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва мушаххас намудани ҷавобгарии шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки сабабгори сироятёбии дигарон ба бемориҳо мегарданд, саривақтӣ мебошад.
Айни ҳол қонунгузорӣ барои ашхосе, ки дидаю дониста, боиси сироятёбии дигарон ба ВНМО мегарданд, то панҷ сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
- Таъсири манфии сироятёбӣ ба ВНМО ба оилаву ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев. — Бинобар ин, баҳри пешгирии он мусоидати тамоми сохтори давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Дар ин ҷода аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамоми нерую таҷриба ва имкониятро истифода хоҳанд бурд, зеро ҳифзи генофонди миллӣ аз ҳама масъулияту ҳамдастиро тақозо менамояд.
Дар хотима қарори дахлдор қабул ва ба мақомоти марбута тавсияҳои судманд ироа гардид.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ