Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути бунёди корхонаҳои гуногун беш аз 1200 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст

№109 (3094) 31.08.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон

 29 августи соли 2013, ноҳияи Ёвон

 IMG_9317

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳо мо ба ифтихори оғози фаъолияти боз як корхонаи истеҳсолии барои кишварамон хеле муҳим, яъне корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон, ки идомаи неки раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишварамон мебошад, ҷамъ омадаем.

Бо дарназардошти ин, ки корхонаи имрӯза боз як қадами ҷиддие дар роҳи рушди саноати мамлакат ба ҳисоб меравад, кулли сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон, инчунин шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ба кор шуруъ намудани коргоҳи нав табрик гуфта, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузороне, ки дар бунёди он саҳмгузорӣ кардаанд, инчунин ба муҳандисону бинокорон, ки барои бунёди чунин иншооти замонавӣ заҳмат кашидаанд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро иброз менамоям.

Имрӯз сокинони кишвари азизамон аз он шукргузор ҳастанд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому осудаи кишвар ва таҳкиму тавсеа ёфтани ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ватани азизамон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки заҳматкашони ноҳияи Ёвон мисли сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар натиҷаи заҳмати софдилона ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумат ва татбиқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Имрӯз бо оғози баҳрабардории ин корхонаи замонавии бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз дар самти амалишавии нақшаҳои неку созандаи мо, аз ҷумла доир ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, афзунгардонии имкониятҳои иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ қадами ҷиддии навбатӣ гузошта шуд.

Хусусан, дар шароите, ки солҳои охир дар мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва талабот ба масолеҳи сохтмон, бахусус семент торафт афзоиш меёбад, таъсиси чунин корхонаи муқтадир иқдоми басо саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Хотирнишон месозам, ки рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва вусъат ёфтани корҳои бунёдкориву созандагӣ боиси торафт афзудани талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент гардида истодааст.

Бо дарназардошти ин, танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Сарбанд ва Варзобу Мастчоҳ ҳафт корхонаи хурди истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии аз 60 то 100 ҳазор тонна сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади тадриҷан афзун намудани истеҳсоли семент дар мамлакат ва аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи семент табдил додани кишварамон соли 2009 Барномаи давлатии рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмон барои давраи то соли 2015 қабул карда шуд, ки дар ин самт корхонаи имрӯза саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Иқтидори лоиҳавии корхонаи сементбарории имрӯза истеҳсоли як миллион тонна сементро дар як сол ташкил дода, арзиши лоиҳавии бунёди он қариб ба 500 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Қобили таҳсин аст, ки дар натиҷаи ба кор шуруъ намудани корхона қариб 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад ва ояндаи наздик дар дигар зерсохторҳои корхона боз садҳо ҷойҳои нави кории иловагӣ муҳайё карда мешаванд.

Дар баробари ин, бо дарназардошти фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои кормандони корхона, сохтору мақомоти дахлдор ва соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби корӣ бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, инчунин роҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки соҳаи саноат дар кишварамон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он тадриҷан афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва рақобатпазирии маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои пешрафтаву муосир, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ба сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани сиёсати истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва афзоиш додани содироти молу маҳсулот ба хориҷи мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Зеро маҳз амалишавии ин сиёсат омили асосии таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва дар айни замон таъмини амнияти иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ноҳияи Ёвон ҳамасола чандин иқтидорҳои нави саноатӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадриҷан афзоиш ёфта истодааст.

Танҳо дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ аз 97 миллион сомонии соли 2010 то ба 168 миллион сомонӣ дар соли 2012 зиёд гардидааст, ки афзоиши ин нишондиҳанда дар як муддати кӯтоҳ 1,7 баробарро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ, қабл аз ифтитоҳ бахшидани корхонаи нави сементбарорӣ, мо дар маросими оғози фаъолияти як қатор иншооти нав ширкат намудем ва бо ҷараёни сохтмони корхонаву коргоҳҳои нав шинос шудем.

Аз ҷумла ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои дастгирии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ ва ҳаммом бо сарфи қариб ду миллион сомонӣ ба истифода супорида шуд.

Боиси дастгирист, ки дар корҳои хайру созанда ба хотири ободии гӯшаву диёри Ватани азизамон шахсони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳои тиҷоративу соҳибкорони ватаниву хориҷӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки теъдоди онҳо рӯз то рӯз зиёд мегардад.

Масалан, таҷдиду азнавсозии Корхонаи истеҳсоли намак, ки аз соли 1996 бо технологияи куҳна фаъолият мекард, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда истодааст, ки истеҳсоли намак дар як шабонарӯз то ба 30 тонна расонида мешавад.

Ҳамзамон бо ин, бо дастури Президенти мамлакат бинои фабрикаи сеошёнаи истеҳсоли либосҳои бачагона барои 200 ҷойи корӣ, ки маблағи лоиҳавии он қариб 5 миллион сомониро ташкил медод, ба 5 ошёна барои 600 ҷойи корӣ табдил дода шудааст ва ояндаи наздик навбати аввали он, яъне коргоҳи дӯзандагии либосҳои бачагона ва либосҳои мактабӣ бо 200 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар навбати дуюми корхона, дар давоми соли 2014, коргоҳҳои истеҳсоли чатр ва корхонаи заргарӣ барои 400 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади рушди соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳия бунёди фабрикаи мурғпарварӣ дар асоси технологияи муосири давлатҳои Олмон ва Испания ба роҳ монда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 144 тонна гӯштро ташкил медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ дар масоҳати 28 гектар сохтмони 196 адад гармхона, сардхона ва коргоҳи бастабандии маҳсулоти барвақтӣ оғоз гардидааст, ки дар як мавсим иқтидори истеҳсоли 2000 тонна маҳсулоти барвақтиро дорад.

Инчунин бо дастгирии ташкилотҳои бонкӣ ва маблағҳои буҷетӣ таъмиру таҷдиди беморхонаи марказии ноҳия амалӣ шуда истодааст, ки сохтмони ин иншоот аз соли 1989 инҷониб идома дорад.

Беморхона бо тарҳи замонавӣ барои 120 кат ва 6 шуъбаи ташхисиву табобатӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба истифода дода мешавад.

Дар корхонаву коргоҳҳои зикршуда дар ояндаи наздик садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи доимии кор хоҳанд шуд.

Дар маҷмуъ, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути бунёди корхонаҳои гуногуни истеҳсолии номбаршуда ва коргоҳҳои дигар беш аз 1200 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, ки ин омили беҳтаршавии шароит ва сифати зиндагии аҳолии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки доир ба таъмини маоши арзанда ва муҳайё сохтани шароити мусоиди иҷтимоиву маишии коргарон чораҳои зарурӣ андешанд.

IMG_9273

Дӯстони азиз!

Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳо дар доираи сиёсати созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ёвон бомаром рушд ёфта, дар давоми солҳои 2007 – 2012 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳия қариб 300 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки маблағҳои мазкур барои беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дастгирии буҷети ноҳия сарф шудаанд.

Илова бар ин, дар ноҳия то имрӯз татбиқи ҳашт лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расид ва ҳоло ҳафт лоиҳаи сармоягузории дигари давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Маблағи умумии то имрӯз азхудшуда қариб 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дастгирӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон шумораи субъектҳои соҳибкорӣ торафт зиёд гардида, аз 3600 адади соли 2007 ба 5700 адад дар аввали соли 2013 расидааст, ки дар навбати худ нишонаи возеҳи амалишавии сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дастрасии қарз аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, воридоти технологияҳои муосир ва истеҳсоли молҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Зеро, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва бунёди ҳар як корхонаи истеҳсолӣ дар кишварамон омили асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани дараҷаи некуаҳволии сокинони мамлакат мебошад.

Дар давоми солҳои 2011-2012 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби соҳибкорон 95 адад иншооти мухталиф сохта, ба истифода дода шудааст ва танҳо аз ин ҳисоб беш аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардидаанд.

Дӯстони азиз!

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Ёвон баробари соҳаи саноат бахши кишоварзӣ низ рушд меёбад. Ҳоло беш аз 60 фоизи аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул аст. Ҳиссаи кишоварзон дар баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия ва кишвар назаррас аст.

Танҳо соли 2012 кишоварзони ноҳия ба маблағи 565 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли сипаришуда 76 миллион сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 129 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд аст.

Масалан, ғалладонагӣ ва меваҷот дар муқоиса бо соли сипаригардида мутаносибан 20 ва 40 фоиз зиёд истеҳсол гардидааст.

Бо вуҷуди ин, кишоварзони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, истифодаи самараноки обу замин ва ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ саъю кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва ба мавсими тирамоҳу зимистон омода сохтани иншооти иҷтимоӣ, шабакаҳои интиқоли барқ ва аҳолӣ аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд. Аз ҷониби дигар, дар баробари сохтмони иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ зарур аст, ки ба масъалаҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода намудани кӯчаву маҳалҳои зист ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилӣ, чораҳои мунтазам андешида шаванд.

Дар ин марҳалаи басо муҳим вазифаи роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, фаъолону аҳли зиё ва ҳамаи онҳое, ки ободиву оромии имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа ба онҳо вобастагӣ дорад, иборат аз он аст, ки ҳамаи саъю талоши худро ба хотири ҳифзи сулҳу суботи кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар равона намоянд.

Зеро, ба илмомӯзиву таълими фарзандон аҳамияти зарурӣ додан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳо аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб ва ғамхорӣ дар ҳаққи ояндаи давлат ва ҷомеа мебошад.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматпешаву ватандӯсти ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватани муқаддасамон саъю талоши аз ин бештар намуда, ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои созандаамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва сокинони заҳматкашу ҳимматбаланди ноҳияи Ёвонро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, зиндагии осудаву пурфайз ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!