Дар мактаб-интернати навбунёди хусусии байналмилалии хоҷагии деҳқонии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ роҳбари хоҷагии мазкур Қурбоналӣ Юсуфов бунёд гардидааст, машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон барпо гардид. Машваратро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода кушод. Сипас, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти соли хониши гузашта ва вазифаҳои омӯзгорон дар партави нишондодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соли хониши нав суханронӣ намуд. Дар ҷамъомад муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова низ суханронӣ кард. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева, Амирбек Маҳмадалиев, Мусаябшо Назриев, Исмоил Талбаков, Сафаралӣ Гулов, Бег Қурбонов, Бадриддин Садриддинов, Маҳмадамин Ҳисориев, Ҳабибулло Саъдуллоев, Сайфулло Гиёев, Турахон Самадов, Маҳмадраҳим Каримов, Амирхон Сафаров, ки барои табрики омӯзгорони хатлонӣ ба ин ҷо омада буданд, бо шароити таълиму тарбия ва истироҳату фароғати хонандагон шинос гардиданд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева аз номи худ ва ҳамкасбонаш омӯзгорони вилояти Хатлонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният намуда, ба онҳо барои иҷрои муваффақонаи вазифаи пуршарафи омӯзгориашон барору комёбиҳои нав таманно намуд.
Ин мактаби навбунёд дорои 32 синфхонаи ҳамаҷониба муҷаҳҳаз барои таҳсили 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои мактаб вобаста ба фанҳои дарсӣ бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои муосири таълимӣ, аз ҷумла барои ташкили дарсҳои фосилавӣ дар алоқа бо дигар мактабҳои дохил ва хориҷи кишвар муҷаҳҳаз мебошанд. Мактаб дорои толори маҷлис барои 200 ҷойи нишаст, ошхонаи зебою барҳаво, толори варзишӣ, майдони калони варзишӣ барои футбол ва дигар бозиҳо, майдони тенниси калон бо тамоми шароити муосир, майдони калони варзишии болопӯшидаи дорои 1500 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамчунин дар дабистони нав ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Хобгоҳи зебои муосири мактаб барои 400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар он тамоми шароити будубоши шаборӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё мебошад. Ин имкон медиҳад, ки таълиму тарбияи насли наврас дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.
Дар ҷамъомад ба як гурӯҳ собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ, унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Омӯзгороне, ки дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ иштирок доштанд, орзу мекарданд, ки минбаъд онҳо низ оянда дар чунин бинои муҳташаму зебою ҳозиразамони таълимии дорои беҳтарин шароит ба толибилмон дарс гӯянд. Воқеан ҳам иқдоми соҳибкори ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов, ки пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷону дил пазируфта, ба бунёди чунин таълимгоҳи ҳозиразамон даст задааст, шоистаи таҳсин аст.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»