11 апрели соли 2018 мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо узви Палатаи лордҳои Британияи Кабир, муовини раиси Гурӯҳи британиявии парламентӣ оид ба бемории сил (Global TB-мубориза бар зидди бемории сил) баронесса Элисон Мери Сюти, ки бори нахуст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, доир гардид.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ баронесса Элисон Мери Сютиро самимона хайра мақдам гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки ин сафар ба тақвияти муносибатҳои байнипарламентӣ мусоидат хоҳад кард.
Ӯ боздиди меҳмонро ба Тоҷикистон самараи нахустин сафари анҷомдодаи ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Британияи Кабир арзёбӣ намуда, афзуд, ки Маҷлиси миллӣ ба тавсеаи робитаҳо бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ҳавасманд буда, аъзои даҳҳо созмони байналмилалии парламентӣ мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан, бемории силро тавассути қабули қонунҳои мутобиқ ба талаботи вазъ мавриди баррасӣ қарор дода, муносибатҳои байнипарламентӣ ва имконияти парламентарҳои кишварҳоро баҳри ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Имомзода Маҳмадюсуф изҳор дошт, ки аъзои Маҷлиси миллӣ зимни таҳия ва ҷонибдории қонунҳои марбут ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ диққати махсус зоҳир менамоянд ва дар ин робита кодексу қонунҳои зарурӣ қабул гардидаанд. Илова бар он, нахустин муҳокимаи парламентӣ ба ҳифзи сиҳатии ҷомеа равона шуда, таҳти унвони «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он роҳҳои ҳалли ин мушкилот, аз байн бурдани монеаҳои ҷойдошта ва роҳандозӣ намудани тасмимҳои дастаҷамъона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, инчунин афзуд, ки ҷиҳати идомаву густариши робитаҳо ва табодули таҷрибаи парламентҳо миёни кишварҳо қабули қонунҳои моделӣ саривақтӣ мебошад.
Хонум баронесса Элисон Мери Сюти аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, гуфт, ки ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳо майдони фарох баҳри омӯзиши таҷрибаи якдигар мебошад ва бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадошта ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва байнипарламентӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон