Воқеаи мудҳиши аз оши палав заҳролуд шудани чанд сокини маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд дар арафаи соли нав боиси ташвишу нигаронии аҳли ҷомеа гардид. Дар ин робита нашрияи «Садои мардум» дар шумораи 2-3-юм аз 6 январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Оши охир» дар «Забегаловка» мақола ба табъ расонида буд.
Раиси вақти вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, ба масъулони шаҳр дастур дода буд, ки «забегаловка»-ро барҳам дода, ба ҷойи он майдончаи бозии бачагон бунёд намоянд.
Аз он ки «забегаловка» макони сердолу дарахт буд, нафарони ба ҳезум эҳтиёҷдошта ҳамоно дарахтонро сарбур карданд. Бо ҳамин «забегаловка» ба ҳукми фаромӯшӣ рафт. Мо — сокинон гумон доштем, ки фасли зимистон асту корҳои ободонӣ баробари гарм шудани ҳаво оғоз меёбанд. Аммо моҳи якуми баҳор ҳам ба охир расиду корҳои ободонӣ оғоз нашуданд. Имрӯз «забегаловка» ҳоли зор дорад.
Ногуфта намонад, ки дар шафати «забегаловка» чанд бинои наву замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни атроф ҳусн зам намудаанд. Хусусан, табъи меҳмонони тӯйхонаи «Исти Роҳат» аз ин бунёдкориҳо болида мегардад, вале баробари нигоҳашон ба манзараи ҳузнангези «забегаловка» афтодан, бовар дорем, ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги муфоҷои чанд ҷавонмард ба хотирашон мерасаду табъашон хира ва иштиҳояшон баста мегардад.
Пас, саволи матраҳ ба масъулон ин аст: «Забегаловка» кай обод мешавад?
М. Маҳмудов,
сокини шаҳри Хуҷанд