Рӯҳи Фирдавсӣ чароғи роҳи туст!

№47 (3841) 17.04.2018

Комрон4Эҳдо ба паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки бо гирифтани Гран — прии Анталия — 2018 исбот кард, ки воқеан тавоно аст!

 Комроно, Шоҳи Масъуди замон,

Эй ғазанфар, Шери Панҷшери ҷаҳон,

Ковиёнии фаредунзодайӣ,

Дил ба уқёнуси нусрат додайӣ,

Аз Муқаннаъ бурдаи мероси зӯр,

Шераки сар то ба по нангу ғурур.

Аз нажоди Гевию Испитамон,

Ғулғулафкан наъраи баҳри дамон.

Чун Деваштич девафкан дидамат,

Ай Сиёвуш, моҳи гулхан дидамат.

Аз шукуҳат, эй яли бо фарру ҳуш,

Лаҳза – лаҳза мужда меояд ба гӯш.

Рӯҳи Сино шодикаф аз номи ту,

Ҳам ба рақс ояд Зуҳал аз коми ту.

Панҷаи шерафкани Эраҷ –даҳо,

Гашт эҳдо бар ту бо фазли Худо.

Пушти ҳам хобонӣ дар рӯи замин.

Бозӯю пушти ҳарифи разму кин.

Дасти ту довар чу боло мебарад,

Рӯдакиро Арши Аъло мебарад.

Мавлавӣ дар Балхи ҷон рақсон шавад,

Саъдӣ дар Шерози дил ғалтон шавад.

Бо сабӯ Ҳофиз барояд аз лаҳад,

Бо нидои Қулҳуваллоҳу аҳад.

Гӯядат: «Чашми бад аз рӯи ту дур»,

Комроно, Хусрави Кайҳони нур.

Боз аз майдони разм бонги Сурӯш,

Мужда аз дасти баланд-т орад ба гӯш:

«Дар Урупо, Амрикову Осиё,

Ҳамнабарде нест ӯро ҳолиё!»

Парчами моро намойӣ парфишон,

Лафзи тоҷик оварӣ то Каҳкашон.

Ҷӯр кардӣ бо парӣ лафзи дарӣ,

Балки ӯ болост аз рӯи парӣ!

Ҳам Дамованд сарбаланд аз номи ту,

Сад Бадахшон лаълфом аз коми ту.

Тоҷикистон моми саъди сарбаланд,

Ин куҳандиж, ҷону ҷоми дилписанд,

Бо ҷигарбандаш бигӯяд сад сипос,

Бо дуову бо дуруд, ихлоси хос:

«Рустамо, шамъи дилафрӯз омадӣ,

Боз аз «ҷанг» тоза пирӯз омадӣ.

Сарбаландам, з-он ки Комрон зодаам,

Шери нар*  бар мулки Сомон додаам,

Эй баландахтар, яли давру замон,

Эзидат дорад, илоҳо, дар амон.

Роҳи Фирдавсӣ чароғи роҳи туст,

Лашкари сад қофила ҳамроҳи туст!».

 

Душанбе, 12 апрели соли 2018

* Ин таъбир аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Масчоҳ дар рӯзи бозкушоии ҳайкали Исмоили Сомонӣ иброз дошта буданд.

 Мирзо Шукурзода, Корманди шоистаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи

ба номи Садриддин Айнӣ