11 апрели соли 2018 ҳайати расмии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил буданд, таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлосияи умумии пленарии 47-уми ин созмон, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров 12 апрел дар нишасти муштараки Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созишномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат варзид.
Ҷаласаро Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Ахдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Владимир Володин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба интихоботи президентии Президенти Федератсияи Россия маълумоти мукаммал дода, барои иштироки фаъолонаи мушоҳидачиён аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома — «Дар бораи самтҳои Раисии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Ахдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баромад намуда, роҷеъ ба вазъи Афғонистон ибрози андеша намуда, афзуд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаро беташвиш гузошта наметавонад. Хусусан, ҳодисаҳои давомноки террористӣ, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир яке аз зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки ба осудагию оромии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Ин, дар навбати аввал, ба бесуботии вазъи сиёсиву ҳарбии Афғонистон иртибот мегирад, ки он ҷо созмонҳои террористӣ фаъол шудаанд, ифротгароии динӣ ва истеҳсоли маводи мухаддир густариш меёбад ва таҷаммуи ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар наздикии марзҳои давлатҳои узви СААД бештар ба назар мерасад.
Мувофиқи Консепсияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст, ҷумҳурӣ узвияти худро ба СААД ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ мешуморад. Кӯшишҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин созмон ба эҷоди механизмҳои муассири муқобилият алайҳи таҳдидҳои ҷаҳони муосир равона шудаанд. Тоҷикистон узвияти худро ба СААД ҳамчун яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини амнияти кишвар ва нигоҳдории субот дар минтақа арзёбӣ мекунад. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо давлатҳои аъзои СААД барои Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати берунӣ маҳсуб мешавад.
- Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ барномаҳоеро амалӣ менамояд, ки ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии амалҳои террористӣ, пешгирии маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таблиғи терроризм, таъмини амнияти шаҳрвандон аз хатарҳои террористӣ ва экстремистӣ равона шудаанд, — гуфт дар анҷом Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Ахдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Владимир Володин баъди баромади Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки масъалаи таъмини амният ва бехатарии минтақа ва давлатҳои аъзои СААД аз вазъияти дохилии Афғонистон вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, таклиф намуд, ки масъала зери омӯзиши ҳаматарафаи созмони мазкур қарор дода шуда, баҳри ба эътидол овардани вазъи минтақа, чораҳои мушаххас андешида шавад Сипас, Владимир Володин пешниҳод намуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи ояндаи Созмони Ахдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор мегардад мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои созмон қарор дода шавад.
Худи ҳамон рӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро раиси ассамблеяи мазкур, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 30 масъалаи дар он зикршударо баррасӣ ва қабул намуданд.
Ҳайати расмии парламентии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур иштирок кард.
13 апрел Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ дар кори ҷаласаи пленарии 47-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ 12 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома « Робитаҳои фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: ҳолат, дурнамо ва таъминоти ҳуқуқӣ» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баромад намуд.
Баромади Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи пленарӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмон барои танзими қонунҳо ва ҳамоҳангсозии қонунҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кори ниҳоят муҳимеро анҷом медиҳад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт – Петербург бо ҳайати парламентии Ҷумҳурии ӯзбекистон бо роҳбарии муовини Раиси Олии Маҷлис Борий Алихонов бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом дод.
Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбат аз ҳамкориҳои самимӣ ва ба ҳар ду ҷониб нафъбахши муносибатҳо ёдовар гашта, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон таърихӣ хонд. Муносибати хеле самимӣ ва бародарона дар сатҳи олӣ миёни президентҳои ҳар ду кишвар ва ба имзо расидани санадҳои хеле муҳими давлатӣ шароит ва заминаҳои ҳуқуқиро барои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳо фароҳам овард. Боз шудани сарҳадҳои гумрукӣ ва то як моҳ бидуни раводид анҷом додани сафарҳои мутақобила ба кишварҳои якдигар барои халқҳои бо ҳам дӯсту бародари тоҷику ӯзбек рӯйдоди нодир аст.
Ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибот миёни Душанбею Тошканд изҳори қаноатмандӣ намуда, дар зимн изҳор доштанд, ки барои таҳкими равобит миёни парламентҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва иштирок дар нишасту ҳамоишҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ барои боз ҳам баланд гардидани нуфузи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни парлумонҳои кишварҳои ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонӣ мусоидат намуда, омили асосии густариш ёфтани муносиботи байнипарлумонии ҷумҳуриҳои аъзои ассамблея ба шумор меравад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон