Суҳбати Пешвои миллат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

№47 (3841) 17.04.2018

41453840612_365d190a10_o16 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамчунин, бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Дар суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, ­тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон орӣ аз «меъёрҳои духӯра» буда, дар ҳама сатҳ ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.

Таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризму ифротгаройӣ ва радикализми динӣ дар сархати сиёсати давлати Тоҷикистон қарор доранд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи ­масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

www.president.tj