Забоншинос, фарҳангшинос,тарҷумон ва яке аз шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Маҳмадназаров бо осори гаронбаҳои илмӣ мақоми хосро дар миёни беҳтарин донишмандони тоҷик ишғол намудааст.
Ӯ соли 1970, баъд аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ дар кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шогирдон дарс гуфта, соли 1984 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро низ ба охир расонид. Соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Тифлис рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, солҳои 1986- 1992 вазифаи дотсенти кафедраи забони англисиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Солҳои 1993-1994 дар Донишгоҳи Бритиш Колумбияи Канада машғули коромӯзӣ ва аз соли 1992 то 2000 ба сифати мудири кафедраи забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1996 то соли 1999 ҳамкотибии Комиссияи якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи рушди Оғохон оид ба таҳияи барномаи Донишгоҳи байналмилалии инноватсионӣ дар Осиёи Марказӣ кор кард. Бо мақсади омӯзиши сохтори олии таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ ба бузургтарин муассисаҳои олии таълимии Россия, ШМА, Канада, Англия, Швейтсария, Франтсия, Олмон, Покистон, Туркия ва дигар кишварҳо сафар кардааст. Соли 2000 барои коромӯзӣ ба Донишгоҳи Индиана ва Ҷон Хопкинси ШМА рафт ва таҳқиқотро дар мавзӯи «Сохтори таҳсилоти олии ШМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ» идома дод.
Муаллифи зиёда аз 110 асари илмӣ, аз ҷумла монография, китобу дастурҳои таълимӣ, фарҳангҳо, асарҳо оид ба китобшиносӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Тайи 20 соли охир машғули таҳқиқи масъалаҳои фарҳангшиносии тоҷик ва тартиби фарҳангҳо буда, дар ин ҷода саҳми арзанда дорад. Ӯ яке аз забоншиносон ва тарҷумонони аввалине аст, ки ба тарҷумаи бевосита аз забони тоҷикӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба забони тоҷикӣ машғул шудааст. Бо қалами ӯ зиёда аз 20 асари илмӣ-оммавӣ, таърихӣ тарҷума ва ба нашр расидаанд, ки дар байни онҳо асарҳои: «Президенти мо», «Понздаҳсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асоси давлатдории навин» ва ғайра мебошанд.
Абдусалом Маҳмадназаров нахустин муаллифи «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» мебошад. Нашри чаҳоруми он, ки соли 2015 ба табъ расид, зиёда аз 100 ҳазор вожаву ибораро фаро мегирад. Фарҳанги зикргардида дар таърихи фарҳангнигории тарҷумавии тоҷик нашри комил ба ҳисоб рафта, барои омӯзиши забони англисӣ роҳнамои арзандаест.
А. Маҳмадназаров соли 2013 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди фарҳангнигории тарҷумавии тоҷикии асри ХХ ва оғози асри ХХI» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илми филология гардид. Ӯ новобаста аз синну сол кӯшиш менамояд, ки дар тарбияи шогирдон фаъол бошад. Шояд ҳамин сабаб шудааст, ки ӯро шогирдон ҳурмату эҳтиром намуда, дар дарсҳояш пурра иштирок менамоянд.
«Роҳнамои китобшиносӣ …» яке аз асарҳои солҳои охир навиштаи ӯст, ки соли 2016 ба забони русӣ зери унвони «Библиографический указатель работ по сопоставительно-типологическому исследованию языков в Республике Таджикистан» дар ҳаҷми 355 саҳифа ба нашр расид. Дар китоб таҳқиқоти дар давоми шаст соли охир роҷеъ ба муқоисаи типологии забонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ворид гардида, нахустин асари «Китобшиносӣ» дар омӯзиши ин масъала маҳсуб мешавад. Муаллим дар асар тавонистааст, ки дар бораи номгӯи 20 рисолаи докторӣ, 130 рисолаи номзадӣ ва зиёда аз 1500 монография, мақола, дастурҳои таълимӣ ва фишурдаи корҳои илмӣ, ки ба омӯзиши муқоисавӣ-типологии забонҳо дар Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, маълумот диҳад ва ҳар кадоме аз онҳоро дар се табақа: алифбоӣ, мавзӯӣ ва таърихи таҳқиқоти муқоисавӣ-типологӣ ҷойгир намояд. Илова бар ин, соли дифои рисолаҳо, номи роҳбарону мушовирони илмӣ ва инчунин зикри маъхаз ба корҳои нашршудаи муаллифон оварда шудаанд.
Номбурда дар «Роҳнамои китобшиносӣ…», инчунин дар бораи саҳми махсус доштани устодони донишгоҳҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, чун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан ронда, фаъолияти ҳар кадоме аз устодони донишгоҳҳоро дар ҳалли масоили самти мазкур, бахусус дар ташкили мактабҳои хос ва таълиму тарбияи шогирдон зикр менамояд, ки ҷолиб ва қобили ситоиш аст.
Бояд зикр намуд, ки таҳқиқоти муқоисавӣ-типологии фарҳангнигории забонҳо, ки солҳои тӯлонӣ аз чашми забоншиносон дур монда буд, бори дигар таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд. Дар ин самт саҳми А. Маҳмадназаров хеле назаррас буда, нахустин корҳои монографиро мунташир сохт, ки он бо номи «Ташаккул ва рушди фарҳангнигории тарҷумавии тоҷикии асри ХХ ва оғози асри ХХI» ва «Таҳлили муқоисавии навъҳои асосии фарҳангҳо дар фарҳангнигории тоҷик» маҳсуб мешаванд. Дар баробари ин, ба қалами ӯ, мақолаҳои зиёде доир ба ин мавзӯъ дар дохил ва хориҷи кишвар ба чоп расид, ки таваҷҷуҳи донишмандон, бахусус забоншиносонро ҷалб намуд.
Солҳои охир диққати муҳаққиқони ин самти забоншиносӣ бештар ба таҳқиқи воҳидҳои фразеологии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ равона шуда, то ба кунун ҳашт монография, мақола, фишурдаҳо нашр шудаанд, ки мисоли ин монографияи зикргардидаи доктори илмҳои филология М. Н. Азимова ва рисолаву мақолаҳои Б. Наврӯзшоев, Д. Раҳимова ва дигарон мебошанд.
Муҳаққиқон дар солҳои охир, инчунин ба таҳқиқи муқоисавӣ типологии масоили наҳвӣ, бахусус таҳқиқи муқоисаи навъҳои мухталифи ҷумлаҳо пардохтаанд, ки роҷеъ ба онҳо зиёда аз 14 монография, 90 дастури таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ ба нашр расидаанд.
Аз ин лиҳоз, устод Абдусалом низ ҳамчун забоншиноси варзида, тарҷумон ва донандаи забонҳои мухталиф, ҳар чӣ бештар ва бо сифати баланд нашр гардидани матолиби заруриро барои омӯзиш дар мактабҳои олӣ ва миёна, на танҳо дар «Роҳнамои китобшиносӣ…», балки дар дигар асарҳо ва мақолаҳо зикр намудааст.
Усмон Сулаймонӣ, устоди ДМТ