Доҳии сулҳофарин

№48 (3842) 19.04.2018

Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Номи некат монда дар таърихи гетӣ ҷовидон,

Аз тафохур сар фарозад миллатат бар осмон,

Меҳри ту бигрифта маъво дар дили пиру ҷавон.

Заҳматат шоистаи сад қиссаву сад достон.

 

Пешвою садри миллат, Доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Парчами миллат ба авҷи осмон афроштӣ,

Обрӯи давлати худ дар ҷаҳон бардоштӣ.

Дар замири қалби мо тухми муҳаббат коштӣ,

Бар Ватан овардаӣ имрӯз сулҳу оштӣ.

 

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Роҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Дар раҳи сулҳофаринӣ синаро кардӣ сипар,

Миллати паркандаро бахшидӣ аз нав болу пар.

Душманонро дӯст кардӣ, дӯстонро дӯсттар,

Бо садоқат гӯямат: зебандаӣ бар тоҷу фар.

 

Пешвою садри миллат, Доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Аз адолат кардаӣ барпой кохе устувор,

Дар саховат номи ту монад ба олам ёдгор.

Мамлакат аз ҳимматат ҳар лаҳза дар авҷу барор,

Ҳар каломатро намоем аз барои худ шиор.

 

Пешвою садри миллат, Доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

То абад моро ба сар дасти тавонои ту бод,

Равшанибахши раҳи мо чашми бинои ту бод!

Пурнишоту бозафар имрӯзу фардои ту бод,

Аз шароби меҳри мо лабрез минои ту бод.

 

Пешвою садри миллат, Доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.  

 Нуриддин Амирӣ