31 августи соли 2013 ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо доир ба тайёрӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаро тавзеҳ дод. Дар ҷаласа Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 26 банд тасдиқ гардид, ки оид ба омодагӣ, баргузорӣ ва ҷамъбасти интихобот пешбинӣ шудаанд.
Тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ муқаррар намуд, ки ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзад ба мансаби Президентӣ аз рӯзи пешбарӣ шудани номзад то 7 октябри соли ҷорӣ сурат мегирад.
Инчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, макони ҷойгиршавӣ, сарҳад ва шумораи интихобкунандагони ҳар як ҳавза муайян карда шуд.
Ҳамзамон оид ба меъёри намояндагӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани ҷаласаи намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Тибқи ин қарор аз Маҷлиси вакилони халқи ҳар шаҳру ноҳия як намоянда аз ҳисоби панҷ вакил ба ҷаласаи намояндагони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.
Инчунин оид ба таъсиси Маркази матбуотии назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Марказро, ки аз нуҳ нафар иборат хоҳад буд, узви он Нурулло Маҳмадуллоев роҳбарӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»