Оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 таъин карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 30 августи соли 2013 №45