Кашфиёт

Усули таҷзияи пластикро низ пайдо карданд

№51 (3845) 26.04.2018

DIY-Solar-heater-from-scrap-bottles-2Олимони Британия моддаеро пайдо намуданд, ки  қодир аст, дар чанд рӯз пластикро ба хок табдил диҳад. Айни ҳол кӯшиши онҳо ба он равона шудааст, ки таркиби модда беҳ гардонида шавад. Аллакай назарияе мавҷуд аст, ки ҳадафи он то 100 маротиба тезонидани суръати хокшавии пластик  мебошад.

Ферменти бавуҷудовардаи олимон барои нобуд сохтани зарфҳои пластикӣ, ки аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст, мувофиқ аст. Дар бораи тадқиқот ва натиҷаҳои он олимон дар маҷаллаи Proceedings of the National Academy of Sciences маълумот дарҷ намудаанд.

Соли 2016 дар партовгоҳи Ҷопон бактерияе кашф гардид, ки пластикро ҳазм карда метавонад. Барои бо роҳи табиӣ нобуд гардидани пластик садсолаҳо лозим буда, он модда рисолати мазкурро дар чанд рӯз ба сомон мерасонад. Ферменти мавриди назар ба нобуд сохтани полиэтилентерефталат (ПЭТ) низ қодир аст. Лозим ба ёдоварист, ки ПЭТ полимерест, ки зарфҳои нӯшокӣ аз он сохта мешавад.

Ҳоло олимон умед доранд, ферментро беҳтар гардонда, водор намоянд, ки он боз тезтар «кор кунад».

- Мо умедворем, ферментро барои таҷзияи пурраи пластик истифода бурда, моддаҳои ҷудошударо аз нав барои истеҳсоли пластик истифода барем. Яъне, минбаъд истихроҷи саноатии нефтро барои истеҳсоли пластик зиёд намудан зарур нест ва шумораи партовҳои пластикӣ камтар мегардад, — гуфтааст профессор Ҷ. Макгихан аз Донишгоҳи Портсмути Англия.

Тибқи маълумотҳо, ҳар дақиқа дар ҷаҳон наздики миллион зарфи пластикӣ фурӯхта шуда, танҳо 14 фоизи он коркард гардида, риштаҳои беранг истеҳсол менамоянд, ки барои дӯхтани либос ва қолин истифода мешавад. Қисми бештари зарфҳо ба наҳру дарё ва баҳру уқёнусҳо меафтанд ва муҳити атрофро ифлос месозанд. Истифодаи ферменти нав  имкон медиҳад, ки пас аз коркарди зарф­ҳои нӯшокӣ аз маҳсулоти таҷзияи онҳо аз нав зарфи пластикӣ истеҳсол карда шавад

Дар ибтидо олимон сохтори ферментро, ки дар Ҷопон аз бактерияҳо истеҳсол намудаанд, мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, синхротрони Diamond-ро истифода бурданд, ки афканишоти пурқудрати рентгениро барои дида тавонистани сохтори атом ба вуҷуд меорад. Тадқиқотҳои гуногун бо ин фермент тасодуфан ба беҳтар гардидани хусусияти пластикро таҷзия намудани он сабаб гардид.

- Ин беҳшавӣ 20 фоизро ташкил медиҳад, — мегӯяд Макгихан. — Вале мо метавонем бо истифода аз технологияҳое, ки дар коркарди ферментҳои дигар истифода шудаанд, ферменте созем, ки таъсири бештар дошта бошад.

Яке аз роҳҳои беҳтаркунии фермент онро дар бактерияҳои экстремофил ҷой додан аст, ки ба гармии то 70 дараҷа тоб меорад.

«Барои нобуд сохтани намуд­ҳои дигари пластик бактерияҳоеро истифода бурдан мумкин аст, ки айни ҳол дар муҳити атроф тағйир меёбанд, — афзудааст Макгихан.

Чанде қабл муайян гардид, ки дар мубориза бо пластик кирмакҳои муми сафед-митта ё куяҳо бо бактерияҳо рақобат карда метавонанд. Онҳо пластикро бо суръати бештар ба хок табдил медиҳанд. Ин кашфиёт низ тасодуфӣ ба амал омад. Занбӯриасалпарвар Федерика Берточинӣ бо тоза кардани қуттиҳои занбӯри асал аз паразитҳо машғул буд ва кирмакҳоро дар халтаи селофании партовҳо ҷамъ намуда, ба мехе овезон кард ва пас аз муддате кирмакҳоро дар он пайдо накард.

Ф. Берточинӣ, ки ходими илмии Институти беомедитсина ва биотехнологияҳои Испания мебошад, ба ин ҳодиса таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, бо биохимикҳои Кембриҷ таҷрибаи илмӣ гузаронд. Беш аз сад кирмак ҷамъ оварда, ба халтаи нав ҷой намуданд ва интизори он гардиданд, ки кай дар халта сӯрохиҳо пайдо мешаванд. Муайян гардид, ки сад кирмак 92 мг полиэтиленро дар 12 соат ҳал мекардаанд. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки олимон дар ин самт беш аз пеш фаъол гардидаанд. Омили зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки  мушкилӣ дар сурати сари вақт бартараф нагардидан  паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Таҳияи Н. Низомӣ, 

«Садои мардум»