Барқияҳои табрикотӣ

№110 (3095) 03.09.2013

31 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти маро ба муносибати иди миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.

Мехоҳам ҳавасмандии амиқи хешро дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи кишварҳоямон ва халқҳоямон, инчунин таъмини субот ва амнияти минтақа махсус таъкид намоям. Омодагии худро оид ба кӯшишҳои якҷоя бо Шумо барои ин ҳама иброз медорам.

Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломатӣ, ба фаъолиятҳои давлатиатон муваффақият ва ба халқи бародари қирғиз сулҳу шукуфойӣ таманно дорам».

***

Якуми сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич!

Ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимии хешро ба Шумо ирсол медорам.

Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, ки решаи таърихӣ доранд, мебошад.

Мо ба гуфтугӯйи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комил намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳар ду ҷонибанд, омодаем.

Ба Шумо, муҳтарам  Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон бурдборӣ ва шукуфойӣ таманно дорам».

www.prezident.tj