26 апрели соли равон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» баргузор гардид.
Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ёдовар шуд, ки соли 2012, дар Рӯзи таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри ХХI-ро асри матбуот ном бурда, кормандони ин соҳаи муҳими кишварро дар муқобили таҳдидҳо, иғвову дасисаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуда буданд. Имрӯз масъалаи ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотии кишвар аҳамияти боз ҳам бештар касб намудааст.
Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов, ки дар мавзӯи «Таъсири таҳдидҳои беруна ба сифати таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» маърӯза кард, аз ҷумла гуфт: «ҷанги иттилотӣ сол то сол вусъат пайдо менамояд ва дар чунин шароит ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар байни ВАО — и мамлакат бояд ҳамгироӣ вуҷуд дошта бошад».
Устоди кафедраи амнияти иттилоотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салмон Мавлонназаров вобаста ба таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат ёфтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва шарти зарурӣ дар самти таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Воситаҳои ахбори омма барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забону адабиёт ва илми тоҷик, таъриху фарҳанги миллат, расидан ба истиқлоли маънавӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои инсонӣ нақши муҳим ва созанда доранд.
Дар робита ба мавзӯъ, ҳамчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси ИЖТ Зиннатулло Исмоилзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров суханронӣ намуданд.
Н. Низомӣ, «Садои мардум»