Пас аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва истиқболи гарму самимии ӯ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашки шодӣ аз дидагони модари пирам равон гардида, ҳар замон шукр мегуфт, ки ба ин рӯз расидем.
Модари ман Зулфина Раҳмонова — ҳамсари Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҷӯра Раҳмонов, ки бо лақаби Ҷӯра саркори регарӣ мебошад, ки ба синни мубораки 88 расида, дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Он кас нақл мекунад, ки солҳои 30 — юми асри ХХ аз вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯч баста, дар обод кардани заминҳои бекорхобидаи водии Ҳисор саҳм гузоштаанд.
- Он замон соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ пахтакорӣ буд. Аз душворӣ наҳаросида, дар саҳро меҳнат мекардем. Натиҷаи меҳнати диловарона, роҳбарии оқилонаи сарварони бригада ва хоҷагиҳо буд, ки нақшаи истеҳсол ва ба давлат супоридани пахта иҷро мешуд. Барои дастовард ба шахсони пешқадам унвонҳои баланд, мукофотҳои олӣ медоданд, — мегӯяд модарам. — Соли 1966 ба падари ман-Ҷӯра Раҳмонов унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд. Чун аслу насаби мо аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё аст, барои гум нашудани робитаҳои хешутаборӣ хоҳарони худро ба пайвандон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар додем. Рафтуомад то солҳои 90-уми асри XX хеле хуб буд. Вале тайи беш аз 20 соли охир робитаҳо канда шуданд. Ҳатто бо телефон тамос гирифтан бо хешу табор мушкил гардида буд. Акнун меҳру муҳаббат, ёрию бародарӣ, хешутаборӣ, ҳамсоядорӣ аз пештара ҳам қавитар мегардад. Зеро чанд сол аз ҳамдигар ҷудою ташнаи дидор будем. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ҷудоӣ то наафтад дӯст қадри дӯст кай донад,
Шикастаустухон донад баҳои мумиёиро.
Модарам мунтазам даст ба дуо мебардоранд, ки Худованд умри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дароз кунад, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагиро барқарор карданд. Илоҳо тинҷиву амонӣ пойдор, осмон софу беғубор, дӯстию рафоқати Тоҷикистону Ӯзбекистон абадию ҷовидон бошад!.
Баҳтиёр Раҳмонов,
корманди Кумитаи иттифоқи
касабаи кормандони соҳаи маорифи
шаҳри Турсунзода