Ливои бедорӣ

№54 (3848) 03.05.2018

Afghan security forces inspect the damage caused by a suicide bombers at the site of the attackon the western outskirts of KabulДар шаҳри Кобул як гурӯҳ журналистонро бо инфиҷор ба хоку хун кашида, модарону ҳамсаронашонро сӯгвор ва тифлонашонро ятим сохтанд. Ин бедодӣ дилҳоро хун бинмуд ва фиғонро то ба гӯши фалак бурд. Шеъри поин дар сӯги он журналистони ноком эҷод шуд.

Кобули ошиқон хунолуд аст,

Инфиҷор асту оташу дуд аст.

Чашмҳо ашкбору пурдард аст,

Ҷодаҳо бемуҳаббату сард аст.

 

Он кӣ лабханд мезанад аз дур,

Он кӣ аз хун мешавад махмур!

Он кӣ серӣ надорад аз куштан,

Кишвареро чу гӯр анбоштан.

Ту мапурсу нагӯямат ӯ кист,

Одамизода асту террорист,

Дасти ӯ тар ба хуни маъсумон,

Дасти ӯ тар ба хуни журнолист.

 

Зада бар рӯи синааш бо мушт

Интиҳорӣ бародаронаш кушт.

Хуни ёрони хуби равшандил,

Машъали лола шуд ба рӯи гил.

 

Модаре сар ба хок мемолад,

Хоҳаре дилшикаста менолад.

Тифлаке хору зору ҳайрон аст,

Кулбае рӯ ба ҷода вайрон аст.

 

Ин магар роҳу расми муслим аст?

Ин магар кори ишқу таслим аст?

Бо кӣ меҷангӣ, эй бародарҷон!

Хонаҳоро чаро кунӣ вайрон?

Тифлҳоро чаро ятим созӣ?

Синаҳоро чаро дуним созӣ?

Бева созӣ чаро ту занҳоро?

Дӯст дорӣ магар зағанҳоро?

Бо бародар чаро ту бистезӣ?

Хуни ёрони хешро резӣ?

Ё биҳиште, ки меравӣ ин аст?

Роҳи рафтан зи ғорату кин аст!

 

Чашм бикшову сӯи дил бингар,

Нест ҷуз нури ҳақ дар он пайкар.

Гар ту хоҳӣ Худо шавад хушнуд,

Каш дастат зи хуну оташу дуд.

 

Кобули ошиқон Кобули туст,

Он гули нозанин сунбули туст.

Ту намон, ки хазон шавад он боғ,

Ту намон, ки ба дил нишинад доғ.

Ту намон, ки касе бимирад зор,

Ту намон, ки Ватан шавад афгор.

Ту биёву бикун ватандорӣ,

Партавафшон ливои бедорӣ!

Ҳон, бародар, бародари ман бош,

Чун бародар баробари ман бош!

 

Ворис, «Садои мардум»