Сеюми майи соли 2018 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо Абдуҷалил Саубри — сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷониба бо Марокаш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва Тоҷикистон хостори он аст, ки онҳо таҳкиму густариши бештар пайдо намоянд.
- Мо, ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Марокаш дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Форуми ҳамкории иқтисодии арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ менамоем, — гуфт ӯ ва афзуд: — Вале боз ҳам беҳтар мебуд, агар сатҳи муносибатҳо дар доираи дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷоннок карда мешуданд.
Қайд гардид, ки табодули тиҷоратӣ байни ду кишвари дӯст дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар ин самт истифодаи самаранок аз имконоти мавҷудаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ зарур дониста шуд.
ҳамчунин ба масъалаҳои дурнамои муносиботи Тоҷикистону Марокаш, аз ҷумла татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ зоҳир гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон