Мулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ

№55 (3849) 05.05.2018

40072358580_ca816d7209_oЧоруми майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар мушкилоти глобалию таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.

Пешвои миллат аз ҳамкории муштарак бо бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, СААД ва ИДМ ба хотири ташаккули муколамаи созанда изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгаройиро барои давраи то соли 2020» қабул намуд. Он ба амалисозии маҷмӯи чораҳои ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ нигаронида шудааст.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

40072705450_-2198d4c8e53_o4 майи соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез»  бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуданд.

Дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкории муштарак ва таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир иброз доштанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили таъмини амнияти минтақа, ҷаҳон, ҳифзи сарҳадот, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки дар сархаташон терроризму экстремизм, тундгаройии хушунатомезу дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистанд, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвар дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз «меъёрҳои дугона» аст.

Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд САҲА дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, тат­биқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадот, таҳкими ҳамкорӣ дар ченакҳои иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, мусоидати фаъол менамояд.

Оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба низ табодули андеша сурат гирифт.

27012596747_033e4e4eb8_o4 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва гус­тариш бахшидани онҳо, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегиранд, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи «СASA — 1000» ва дигар бахшҳои асосӣ талоши муштарак намоянд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг ва дигар бахшҳои судмандро баррасӣ карданд.

Масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ низ аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ буд.

28011341928_692b078cd0_o4 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки: «мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем».

Ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳа, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби технологияи муосир ва сармоягузории хориҷӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, инчунин сохтмони инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалӣ, баён карданд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши саноати металлургӣ, муҳандисӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли алюминий, маҳсулоти бофандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок, сангҳои қиматбаҳо ва саноати кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, сабзавот ва меваҳо, аз соҳаҳои дигари ояндадору афзалиятноки равобити дуҷониба номида шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамақида буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштарак — таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд намуданд.

www.president.tj