Бо иқдоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар заминаи ҶСК «Тоҷиктелеком» синфхонаҳои компютерӣ барои шиносойӣ ва омӯзиши технологияи нави алоқа ташкил карда мешавад. Айни ҳол 61 синфхонаи компютерӣ кушода шудааст. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон- 24, дар вилоти Суғд-16, дар ВМКБ-7 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ- 14 адад синфхонаҳо таъсис дода, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар таъмин ва муҷаҳҳазгардонии онҳо сарпарастон- ширкатҳои алоқаи мобилии «ВАВИЛОН», «БИЛАЙН», «ТЕЛЕКОМ ТЕХНОЛОҶИ» ва «ТК МОБАЙЛ» саҳми босазо гузоштанд. Инчунин хати ҷудогона бо шабакаи Интернет пайваст карда шуд. Омӯзиш барои шунавандагони тамоми синну сол аз 12-солагӣ сар карда, дар муддати як моҳ ба тариқи ройгон амалӣ карда мешавад.
То имрӯз дар ҷумҳурӣ 513 шунаванда курсҳои мазкурро хатм намудаанд.
Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА,
«Садои мардум»