Баъди мураттаб сохтану ба чоп омода намудани китоби шарҳиҳолии «Сайидаҳмад Каримов – Каримқаҳрамон» ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рафта, хостам аз он ҷо оид ба ин марди ҷасуру қаҳрамон аз нашрияҳои электронӣ маълумот пайдо намоям. Аз интернет навиштаеро таҳти унвони «Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освенсим» дастрас кардам, ки бароям нав ва бисёр муҳим буд.
Дар раҳоии асирони конслагер ё урдугоҳи фашистии Освенсим дар Лаҳистон (Полша), ки 73 сол қабл сурат гирифтааст, 192 афсару аскари тоҷикистонӣ ҳам саҳм доштаанд.
Маълумот оид ба озодсозии ин урдугоҳ ва намояндагони миллатҳо дар ҳайати артиши шӯравиро, ки то имрӯз махфӣ нигоҳ дошта мешуд, Вазорати дифои Россия ниҳоят расонаӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар раҳоии асирони ба истилоҳ, «лагери марг», намояндагони қариб 40 миллат, аз ҷумла 14 афсар ва 178 сарбози тоҷик, ширкат варзидаанд.
Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, собиқадорони тоҷикистонии ҷанг, ки дар озодкунии Освенсим иштирок карданд, аз олам даргузаштаанд ва имсол нафаре аз Тоҷикистон барои ширкат дар маросими 73 — солагии озодсозии асирон аз Освенсим даъват нашудааст.
Таърихнигорон менигоранд, ки дар сафи пеши сарбозони Артиши сурх ҷанговарони савораи Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири шӯравӣ таҳти фармондеҳии афсари тоҷик Сайидаҳмад Каримов барои озод намудани урдугоҳи Аушвитс – Биркенау ё Освенсим ҷангидаанд. Афсари номии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сайидаҳмад Каримов дорандаи орденҳои «Шараф» ва ба номи Суворов буд.
Бисту ҳафтуми январи соли 1945 Освенсим аз ҷониби армияи 60 – уми Фронти якуми Украина ишғол ва асирон раҳо карда шуданд. Дар он муҳориба аз 230 то 350 афсару сарбози шӯравӣ ба ҳалокат расиданд. Рӯзи раҳоии асирони Освенсим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни Холокост» эълон шудааст.
Агар ба таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939 – 1945) назар афканем, маълум мешавад, ки онро қувваҳои иртиҷоии империалистии байналмилалӣ, бахусус, давлатҳои асосии таҷовузкор — Германияи фашистӣ, Италияи фашистӣ ва Японияи миллитаристӣ сар кардаанд. Давраи якуми ҷанг 1 сентябри соли 1939 то 21 июни соли 1941 – ро фаро мегирад. Аввалин бор 1 сентябри соли 1939 Германия ба Полша ҳуҷум овард. Сеюми сентябр Англия ва Франсия ба муқобили Германия ҷанг эълон намуданд, вале онҳо ба қӯшунҳои Полша ёрӣ нарасониданд. Ҳамин тавр, Полша то аввали моҳи октябр аз тарафи гитлерчиён забт гардид ва ҷанг дар Аврупо идома ёфт.
Ҳарчанд Франсия ва Британияи Кабир бо Германия ҷанг эълон карда бошанд ҳам, онҳо нуҳ моҳ амал накарданд. Дар натиҷа, Германия имкон ёфт, ки ба ҳуҷуми зидди давлатҳои Европаи Ғарбӣ тайёрӣ бинад. Германия моҳҳои апрел — майи соли 1940 ба Норвегия ва Дания ҳуҷум кард. Даҳуми майи соли 1940 Белгия, Нидерланд, Люксембургро ишғол намуда, ба Франсия ҳуҷум намуд. Қувваҳои мусаллаҳи Франсия 22 июни ҳамон сол таслим шуданд. Соли 1941 бошад, таҷовузро ба нимҷазираи Балкан оғоз карда, 2 март ба Булғория ва давлатҳои дигари минтақа зада даромад.
Дар мамлакатҳои истилошуда гитлерчиён террор ташкил намуда, лагерҳои консентратсионӣ сохтанд. Шумораи онҳо баъди ба Иттифоқи Советӣ ҳуҷум намудани Германия (22 июни соли 1941) хеле зиёд шуд. Яке аз он лагерҳо Освенсим ба шумор мерафт. Дар урдугоҳи Освенсими Полша, ки яке аз калонтарин лагерҳои консентратсионӣ ба ҳисоб мерафт, қариб чор миллион нафар гирифтори шиканҷаву марг гашта буданд. Қаҳрамонписари тоҷик Сайидаҳмад Каримов дар набардҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо аспи афсонавии «Гули бодом»-аш дар озод намудани асирони зиндонӣ, аз ҷумла зиндони Бранденбурги Германия, соли 1945, ки дар он беш аз 9 ҳазор зиддифашистҳо дар дами марг буданд, корнамоии бемисл нишон дода, ба гирифтани Ордени Суворов (дараҷаи 3) ноил гаштааст. Ҳарчанд солҳои зиёд бо Сайидаҳмад Каримов ҳамчун хеши наздик, дар як деҳа – деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг зиндагӣ карда, дар борааш бисёр хабару гузориш, очерку мақола ва ба муносибати 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 бо номи «Карим — қаҳрамон» китоби калонҳаҷме навишта бошам ҳам, оид ба фармондеҳи озодкунандагони урдугоҳи Освенсими Полша будану дар он ҷо корнамоиҳо нишон доданаш маълумот надоштам. Танҳо ҳамин аён буд, ки Сайидаҳмад Каримов, баробари дигар корнамоиҳои бемислу монандаш дар дигар давлатҳои фарогири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар Полша низ қаҳрамонӣ нишон дода, барои озодкунии пойтахти он — шаҳри Варшава бо медал мукофотонида шудааст.
Дар навиштаи интернетӣ, чунин ишора низ ҳаст: «Афсари номии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сайидаҳмад Каримов барандаи орденҳои «Шараф» ва ба номи Суворов буд. Ба мо ордени Суворов доштани Сайидаҳмад Каримов маълум аст, вале сазовори ордени «Шараф» гардидани ӯ то ҳол маълум нест.
Сайидаҳмад Каримов солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар ивази корнамоиву ҷонбозиҳо бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ И. В. Сталин бо орденҳои Суворов (дараҷаи сеюм), «Байрақи Сурхи Ҷангӣ», «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 1), «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 2), «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 3) ва бештар аз 20 ордену медали дигар қадр шудааст. Ин марди ҷасур солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ се маротиба ба гирифтани унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шуда бошад ҳам, бо сабабҳои номаълум шарафёб нагардидааст. Инчунин, то имрӯз ба ӯ орденҳои Александр Невский ва «Ситораи Сурх» низ нарасидааст. Инак, Ордени «Шараф» ба ин рӯйхат илова шуд.
Амир Сайиди Мункӣ,
ноҳияи Ховалинг