Зикри хайр

Ӯ дили бузургу иродаи фӯлодин дошт

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

34db2f54d8c31d790ddede78e3b4ed30Дарвозаи дутабақаи чӯбин дар деҳаи Навободи ноҳияи Фархор боз буд. Дар кунҷи ҳавлӣ суфаи баланди болопӯшидае ба назар мерасид. Дар болои он марди тануманди чорпаҳлуе чорзону зада менишаст. Аз радио суруде бар ғазали шайх Саъдӣ танинандоз гашт.

 Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон,

К- аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Ин ғазали машҳур гӯё захмҳои дили чок — чоки шермарди тоҷикро тоза мекард. Хаёлаш ба дуриҳо парвоз намуд. Садои даҳшатноки тиру туфанг ба гӯшаш расид. Душман бо даҳҳо «Шоҳпаланг» — у «Пантера» ба ҳуҷум гузашт. Ҷанговарони далери шӯравӣ бо норинҷак ва шишаи пур аз моеи тарканда худро ба зери танкҳо мепартофтанд. Ғурриши муҳаррикҳои тайёраҳои «Юнкерс» гӯшҳоро кар мекард. Дуди сиёҳу ғализ ба осмон мепечид ва атрофро ба зулмот табдил медод. Чунин лаҳзаҳои мағшуш дар хобу бедорӣ бо қаҳрамони мо — собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ганҷал Азимов зуд — зуд рух медоданд.

Ганҷал Азимов фаъолияти меҳнатиро ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар деҳаҳои Ғазгарак, Сумчакон, Лангурхоҳ оғоз бахшидааст. Лаҳзаҳои фориғ аз кор бо дӯстон Бобо Азизов ва Мирзо Бекматов дар тӯю сур иштирок карда, гӯштин мегирифт ва аксар вақт пирӯз мегардид. Даъвои паҳлавонӣ ва парвои шуҳрат надошт, танҳо ба хотири болидагии мардум, зинда нигоҳ доштани анъанаҳои гузаштагон ва дар рӯҳияи солим тарбия ёфтани насли ҷавон он ҳамаро анҷом медод.

Моҳи саратон ­ҳукфармоӣ дошт. Ганҷал пайи иҷрои коре ба шаҳри Кӯлоб рафт. Дар саҳни бозор, рӯ ба рӯйи мағозаи «Молҳои атторӣ», аз карнайи радиои болои симчӯбе садои ровии машҳур Юрий Левитан ба атроф ғулғула меафканд. Ровӣ бо ҳаяҷону изтироб аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабар медод. Мардуми ҳайратзада муддате ба якдигар нигариста, чӣ гуфтанро намедонистанд.

Ганҷал зуд ба деҳа баргашт ва тирамоҳи соли 1941 аз ноҳияи Шӯрообод бо ҳамдеҳагон Бобо Азизов ва Мирзо Бекматов дар як рӯз ба фронт рафт. Онҳо аз мудофиаи назди Москва сар карда, то «Ҳалқаи Курск» ва Сталинград дар набардҳои шадид ширкат варзиданд. Дарёи Днепрро убур карда, дар озодкунии сарзамини Украина аз фашистони хунхор саҳм гузоштанд.

Дар яке аз он рӯзҳо сардори қисми сиёсии панфиловчиёни машҳур, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, генерали армия В. Ключков ба ҷанговарон рӯ оварда гуфт: — Бародарон, қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ бузург аст, вале ҷойи ақибнишинӣ надорад. Дар ақиби мо дили Ватани азизамон — Москва ҷой гирифтааст. Бояд ба душмани малъун чӣ будани иқтидори дӯстии халқҳоро нишон диҳем!

Суханони генерал ба ҷанговарон рӯҳи тоза бахшид. Онҳо паҳлу ба паҳлу истода, бо душмани даҳчанд аз лиҳози яроқу аслиҳа пурқувват даст ба гиребон гардиданд. Гвардиячиёни генерали машҳур И. Панфилов, ки Ганҷал Азимов аз ҷумлаи онҳо буд, тавонистанд нақшаи душманро барбод дода, онҳоро то масофаи 80 — 100 км қафо партоянд.

Ин шоҳбайти ҳаким Фирдавсӣ он замон шиори сарбозони Ватан гардида буд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Соли 1943 Бобо ва Ганҷал дар муҳорибаи Сталинград иштирок намуданд. Таҳти фармондеҳии генерал Г. Чуйков ва генерали армия М. Шумилов дивизияҳои 64 ва 62 аз шимол ба ҷануб бо муқовимати шадид ба душман зарбаи ҷонкоҳ заданд. Душман талафоти калон дод ва зиёда аз 91 ҳазор аскару афсари он бо роҳбарии фелд — маршал фон Паулюс асир афтод.

Ганҷал Азимов дар он муҳориба аз дасташ тир хӯрда, ба беморхона афтод. Чун шифо ёфт, муборизаро дар Фронти дуюми Украина, таҳти фармондеҳии генерали армия Ватутин идома бахшид. Дафъаи дуюм бо ҳамдиёраш Бобо Азизов маҷрӯҳ гардиданд. Ҷароҳати Бобо ҷиддитар буд ва ӯро ба беморхонаи шаҳри Лвов бурданд. Мутаассифона, он мавзеъ аз тарафи душман мавриди бомбаборон қарор гирифт ва онҳо якдигарро гум карданд.

Баъди ҷанг Ганҷал Азимов ба зодгоҳ баргашта, касби омӯзгориро идома дод. Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пуртаҳлукаи ҷанг ҷавононро ба варзиш, обутоби ҷисмонӣ ҳидоят менамуд, то дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳомии мардуму сарзамин бошанд. Барои ҷасорату диловарӣ дар набардҳо ӯро бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Шараф», «Ғалаба» ва 12 медали гуногун сарфароз гардонданд.

Тобистони соли 1945 дар маъракаи хурсандии яке аз хешовандон — Бобои Соҳибназар дар шаҳри Кӯлоб иштирок дошт. Банохост нигоҳаш ба чеҳрае гарму ошно бархӯрд, ки ба ҳамдиёру ҳамяроқи дер боз беному нишонаш Бобо Азизов монандии зиёд дошт. Бобо пешдастӣ карда, гуфт: — Ту Ганҷал нестӣ? Амаки Ганҷал кӯдаквор завқ бурда: — Ту Бобо Азизови сумчаконӣ нестӣ? — гуфт. Ду ҳамяроқ оғӯш кашида, якдигарро мебӯсиданду мебӯиданд ва кӯдаквор ашки шодӣ мерехтанд…

Ӯ аз ҷанг қисса мекард. Бештар дӯст ­медошт, ки дар бораи ҷасорату корнамоии мардони бузургу таърихӣ, генералҳои армия, қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ И. Панфилов ва В. Ключков ҳикоя кунад.

Қаҳрамони ҷангу меҳнат Ганҷал Азимов бо вуҷуди ҳама ранҷу азияти кашида дар ҷангу зиндагӣ дар синни мубораки сад (соли 2016) оламро падруд гуфт, ки исботи дили бузург ва иродаи фӯлодинаш мебошад.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

рӯзноманигор