Бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва дастгирии САҲА сеюми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси»-и пойтахти мамлакат таҳти унвони «Озодии матбуот: имконот ва дурнамо дар минтақа» конфронси байналмилалӣ доир гардид.
Дар он 150 рӯзноманигору коршинос аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд ва хотираи рӯзноманигоронеро, ки зимни амалиёти террористӣ дар шаҳри Кобул ба ҳалокат расиданд, бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.
Раиси Шӯрои ВАО — и Тоҷикистон Шаҳло Акобирова зимни ифтитоҳ иброз дошт, ки 25 сол муқаддам бо Қарори Ассамблеяи генералии СММ сеюми май Рӯзи озодии матбуот эълон гардида, ҳар сол ба мавзӯи муайян бахшида мешавад. Соли ҷорӣ ба мавзӯи «Васоити ахбори омма, адолати судӣ ва волоияти қонун» бахшида шуд.
- Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ибрози андеша, баррасии масоил ва пешниҳодҳо барои таъмини волоияти қонун, адолат ва пешрафти журналистика дар минтақа мебошад, — гуфт Шаҳло Акобирова.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ёдовар шуд, ки озодии баён ва матбуот аз ҷузъҳои таркибии ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, таъмин кардани он боиси пешрафти ҷомеа ва рушди кишвар мегардад. Бо дарки ин нуктаи муҳим ва нақши рӯзафзуни ВАО дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат як қатор қонунҳоро ба тасвиб расонидааст, ки дар заминаи онҳо фаъолияти расонаҳо ба танзим дароварда шудааст. Ҳоло дар мамлакат 370 нашрияи давлативу хусусӣ, 243 маҷалла, 75 радиою телевизион ва 11 агентии иттилоотӣ фаъолият мекунанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода таъкид намуд, ки баргузории ҳамоиши бузурги минтақавӣ дар мавзӯи озодии матбуот баёнгари он мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баёни ақида ва фаъолияти матбуот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» баъди се соли баррасӣ қабул гардид, — гуфт Олим Салимзода. — Дар рӯзи қабули он низ намояндагони ВАО дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Қонуни мазкур хеле мукаммал буда, ба гуфтаи коршиносон яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Гузашта аз ин, рӯзноманигори имрӯз аз рӯзноманигори солҳои навадум аз нигоҳи касбияту дониш хеле пеш рафтааст. Аз ин рӯ, дар матбуоти кишвар матолиби баҳсбарангезе, ки боиси баҳси судӣ шавад, қариб ки нест.
Муассиси гурӯҳи расонаҳои «Азия плюс» Умед Бобохонов дар мавзӯи «Озодии сухан — хатар ба амният ё замина барои рушду субот?» андеша баён карда, гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатӣ бояд ба ВАО ба ҳайси як дӯсту ҳамкор муносибат намоянд. Дар он сурат аз ҳама бахш пешрафтро чашмдор шудан мумкин аст.
Сармуҳаррири нашрияи «Озодагон» Иршод Сулаймонӣ иброз дошт, ки таъмини амнияти давлату осудагии мардум вазифаи аслии ҳукумат аст, вале ба ин васила набояд озоди баён, дастрасӣ ба иттилооти саҳеҳ ва риояи ҳуқуқи журналистон нақз гардад.
Рӯзноманигори лоиҳаи интернетии «Открытая Азия онлайн» дар Ӯзбекистон Шӯҳратҷон Хуррамов аз он навоварию ислоҳоте, ки тайи ду соли охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати озодии баён ба вуқӯъ пайвастааст, ба ҳозирин иттилоъ дод. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки теъдоди нашрияҳои мустақил ва чопи матолиби танқидӣ дар Ӯзбекистон хеле афзудааст.
Раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ Хуршеди Атовулло аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз марказҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ба ҷои мусоидат дар гирифтани иттилооти саҳеҳ миёни рӯзноманигорону ниҳодҳо монеа мегузоранд. Иддае ба рӯзноманигорон маслиҳат медиҳанд, ки то баргузории нишастҳои матбуотӣ мунтазир шаванд.
Маърӯзачиён, ҳамчунин қайд карданд, ки бархе аз рӯзноманигорон ба нишастҳои матбуотӣ бе омодагӣ мераванду саволҳои ба соҳа дахлнадоштаро медиҳанд.
- Аксар маърӯзачиён иброз доштанд, ки қонунҳои мукаммал қабул шудаанду амалишавии онҳо суст ҷараён доранд, — гуфт ҳуқуқшиноси Бунёди байналмилалии ҳимояи озодии сухан «Одил соз» (Қазоқистон) Тамара Симахина. — Биноан, зарур аст рӯзноманигорон барои татбиқи қонунҳо бояд худашон низ саъю кӯшиш намоянд.
Дар хотима ба як қатор рӯзноманигорон ҷоиза супурда шуд. Аз ҷумла, Ҷоизаи Шӯрои ВАО — и Тоҷикистон — «Эътимод» насиби рӯзноманигор Нуралӣ Давлат гардид. Сайраҳмон Назриев ва Зокир Ҳасан соҳиби ҷоизаи ба номи рӯзноманигори зиндаёд Ҷумъа Толиб, ки Маркази таҳқиқоти журналистӣ таъсис додааст, гаштанд. Носирҷон Маъмурзода сазовори ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода шуд. Саидэҳсони Ҷалолиён ва Раҷаби Мирзо ҷоизаи ба номи Отахон Латифиро соҳиб гаштанд. Барои хизматҳои шоён дар тақвияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳаррири шабакаи телевизионии «STV»-и шаҳри Самарқанд Шаҳло Аҳророва, рӯзноманигори лоиҳаи интернетии «Открытая Азия онлайн» дар Ӯзбекистон Шӯҳратҷон Хуррамов ва сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» (Ӯзбекистон) Шерпӯлод Вакилов ба ҷоизаи махсус ва дипломи «Эътимод»- и Шӯрои ВАО — и Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
С. АСОЗОДА,
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»