Дуюми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии татбиқи «Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ» ва ҷараёни иҷрои марҳилаи 9-уми он, ки 15 июни соли 2015 оғоз ёфта, 36 моҳро фаро мегирад, ҷамъомад баргузор шуд.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ меҳмонон — роҳбарони сохторҳои сарҳадии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва намояндагони Иттиҳоди Аврупоро, ки барномаи мазкур бо дастгирии молиявию техникии он амалӣ мешавад, хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вазъи сарҳади давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баъди дар вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшони ин кишвар ҷамъ омадани гурӯҳҳои террористии мансуб ба ҳаракати «Толибон», ташвишовар гардидааст. Ҳоло 29 пойгоҳи низомии «Толибон» дар масофаи 120 километр аз сарҳади давлатӣ ҷой ва зери тирборони пуршиддати дастаҳои онҳо қочоқи маводи мухаддир ба ин сӯйи сарҳад авҷ гирифтааст. Дар танҳоӣ бастани пеши роҳи қочоқбарон ва дар занҷираи маҳкам нигоҳ доштани хатти сарҳади давлатӣ корест басо мушкил ва кӯшиши якҷояро тақозо менамояд.
Директори минтақавии Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот Райтис Тиликс дар бораи марҳалаи 9 — уми он, ки аз ҷониби Консорсиуми шарикон амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Хадамоти ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Латвия роҳбари лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Департаменти гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Литва, Донишгоҳи техникии Рига, Хадамоти озуқа ва ветеринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Латвия, Хадамоти давлатии даромадҳои Ҷумҳурии Латвия ва Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷират узви ин консорсиум мебошанд.
- Ҳадафи умумии барнома баланд бардоштани самаранокӣ ҳангоми идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ тавассути ҷорӣ кардани усулҳои пешрафтаи «Идоракунии маҷмӯии сарҳадот», мусоидат бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар рушд ва ислоҳоти идоракунии давлатии муҳоҷират, тағйирпазирӣ ва савдо, таъмини бехатарӣ ва рушди иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, васеъ кардани имкониятҳои идораҳои сарҳадӣ ва муҳоҷират мебошад, — изҳор дошт ӯ.
Номбурда афзуд, ки дар доираи ҳадафҳои муайяншуда ноил гардидан ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили дастгирии рушди институтсионалӣ ҳангоми гузаштан ба усулҳои беҳтарини самаранок ва натиҷабахши идоракунии сарҳадот, рушди тартиб ва қоидаҳои ҳуқуқӣ, амалӣ намудани таҷрибаи пешгирифтаи идоракунии муҳоҷирони танзимшаванда ва танзимнашаванда дар сарҳадот тибқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани чораҳо барои баланд бардоштани самаранокии тафтишҳои сарҳадӣ, ҷорӣ намудани тартиботе, ки барои савдои қонунӣ, интиқоли мол мусоидат мекунанд ва муқовимат ба намудҳои гуногуни интиқоли ғайриқонунии мол (қочоқ) хеле муҳим хоҳад буд.
Маблағи умумии барномаи мазкур 42 901782 евро, аз ҷумла марҳалаи 9 — уми он 4954785 евроро ташкил медиҳад.
Дар доираи барнома тӯли понздаҳ сол 45 гузаргоҳи сарҳадӣ сохтаю таъмир гардида, ҳафт маркази таълимӣ, чор хобгоҳ ва иншооти дигар дар минтақаҳои наздисарҳадии кишварҳои Осиёи Марказӣ бунёд карда шуд, ки ба беҳбуд бахшидани вазъи идоракунӣ дар сарҳадот мусоидат намуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»