Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадрдонӣ карда мешаванд

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

1492845149_test-po-istorii-velikoy-otechestvennoy-voynyИмсол аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 73 сол пур мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, чорабинии зиёд ба нақша гирифта шудаанд.

Чунончӣ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони ҷанг, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида 1 ҳазору 500 сомонӣ, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, нафароне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои дигар (Афғонистон), иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба андозаи 800 сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонда мешавад.

***

Дар вилояти Суғд ҳам ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи нафарони дар ҷанг ҳалокгардида ба маблағи 1500 сомонӣ, шахсони ба онҳо баробардониста, аз ҷумла ба нафарони дар ақибгоҳ фидокорона хизматнамуда, 1200 сомонӣ кумакпулии яквақта тақдим мегардад.

Ҷ. Сабоҳиддин,

«Садои мардум»