Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об пайваста талош меварзанд. Амалисозии иқдомҳои Сарвари давлат барои аҳли башар аз манфиат холӣ набуда, ҳамеша натиҷаи бузург ба бор меоваранд. Роҳандозӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дарк намуд, ки аз оғози ҳазорсолаи нав, дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва раванди дигаргуншавии иқтисодию иҷтимоӣ, сол то сол боло рафтани ҳарорати гармӣ ва беш аз ҳад об шудани пиряхҳо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад ва масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданию санитарӣ пеш меояд. Аз ин рӯ, барои бартарафсозии онҳо талошу иқдомҳои якҷояи давлатҳо зарур аст.
Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли ин мушкилот барномаҳои фарохдомани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устуворро қабул намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» пайгирона талош варзиданд, ки боиси истиқболи кулли башарият гардид.
Ҳадафҳои асосии даҳсола ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пайомадҳои манфии нарасидани оби тозаи нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад, ки ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавиро тақозо дорад.
Сарвари давлат вобаста ба ин масъала пайваста таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро бо кишварҳо идома хоҳад дод. Бояд ҳама унсур ва имкони татбиқи амалии қатънома пурра истифода шавад, махсусан унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши калидӣ мебозад.
Мардуми кишвар низ бояд аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ифтихор ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола, ҳифзу тоза нигоҳ доштани захираҳои беназири обии мамлакат кӯшиш намоянд.
Баргузории иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ки барои Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз як рӯйдоди бузурги таърихист, дар боло рафтани мақоми кишвар нақши муассир мегузорад.
Дар робита ба ин, коршиноси сатҳи ҷаҳонӣ Мари Масиа зимни таҳқиқу баррасии масоили об иброз намудааст, ки қариб якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
Маҳз ҳамин мушкилотро ба эътибор гирифта, Роҳбари давлат бо ташаббусҳои хоса баромад ва раванди амалисозии иқдомҳоро заминагузорӣ карданд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории сарони давлатҳои аъзо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро хуш истиқбол намуд. Эълон гардидани Даҳсолаи нави байналмилалӣ, ки ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт ба ҳамгироӣ даъват мекунад.
Соибҷони Саид