Дар доираи баргузории нахустин Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми май дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Мақоми зан дар Арабистони Саудӣ» суҳбати гирди миз доир гардид. Устоди Донишгоҳи Малик Сауди шаҳри Арриёз, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Фавзия ал Бакр дар оғоз перомуни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маълумоти мухтасар дод. Ӯ зикр намуд, ки Арабистони Саудӣ аз 13 музофот иборат буда, аҳолиаш ба 39 миллион нафар мерасад. Дар он зиёда аз 7 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз мамолики гуногун кор мекунанд. Қариб 70 дарсади аҳолиро ҷавонони то 20-сола ташкил медиҳанд.
- Дар гузашта занони Арабистони Саудӣ асосан дар соҳаи таълиму тарбия фаъолият доштанд, — гуфт Фавзия ал Бакр. — Алҳол доираи фаъолияти бонувон дар муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ғайра васеъ гашта, мақоми онҳо дар ҷомеаи Саудӣ торафт баланд шуда истодааст. Чунончӣ, имрӯз бонувон дар қабули қарорҳои сиёсӣ низ саҳмгузоранд. Ҳоло муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зан аст. Дар Арабистон ниҳоди махсус бо номи Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият мекунад. Яке аз занони саудӣ дар бузургтарин биржаи тиҷоратии Шарқи Миёна ҳамчун мудир фаъолият дорад. Бист дарсади вакилони Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудиро бонувон ташкил медиҳанд. Занони саудӣ, ҳамчунин ҳақ доранд, ки дар шӯроҳои маҳаллӣ низ вакил интихоб шаванд.
Фавзия ал Бакр ёдовар шуд, ки дар ҳайати иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони зиёд дар бахшҳои хаттотӣ, санъати тасвирӣ, ҳунармандӣ, пазандагӣ ва ғайра ширкат карданд.
Дар минтақаҳои мамлакат мактабҳои миёнаю литсею коллеҷҳо мавҷуданд, ки дар онҳо духтарон низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, 97 дарсади занон таҳсилкарда мебошанд. Яке аз бахшҳои Барномаи стратегии рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030 ин пурра фаро гирифтани бонувон ба зинаҳои таҳсил мебошад. Ҳоло қариб 60 дарсади донишҷӯёни макотиби олии саудиро бонувон ташкил медиҳанд. Бонувон бештар ба фанҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ доранд. Азбаски дар бахшҳои гуманитарӣ теъдоди занони маълумоти олидор зиёд асту ҳамаро бо ҷои кор таъмин кардан мушкилӣ пеш меорад, Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст, ки майли бонувонро ба бахшҳои дигари ҳаёт низ ҷалб созад.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хароҷоти таҳсили писарону духтаронро, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, пурра пардохт намуда, стипендия медиҳад. Духтарони саудӣ баробари писарон дар донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир, Австралия, ИМА, Малайзия, Сингапур ва ғайра таҳсил мекунанд. Имрӯз ба занон барои дар тамоми соҳа кор кардан шароит мавҷуд аст. Тибқи барномаи стратегӣ барои бонувон шароити кор дар хона низ фароҳам оварда мешавад. Ҳоло ним миллион нафар бонувони саудӣ берун аз манзил дар соҳаҳои гуногун кор карда истодаанд.
Бонувони Арабистони Саудӣ имрӯз берун аз кишвар низ муваффақанд. Чунончӣ, хонум Ғана, ки таҳсилкардаи Донишгоҳи Калифорния мебошад, дар муолиҷаи бидуни ҷарроҳии бемориҳои саратон дар ИМА комёб аст.
Хонум Машоъ дар бахши обуҳавошиносии Агентии кайҳоншиносии Амрико (NASA) фаъолият мекунад. Тибқи баҳодиҳии маҷаллаи «Forвes», яке аз сарватмандтарин занони ҷаҳон хонум Лубна мебошад, ки аз Арабистони Саудист. Коргардони шинохта Ҳайфо Мансур барои филмҳои пурмазмун соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Оскар гардидааст.
- Зан дар оилаи саудӣ мақоми шоиста дошта, ҳамчун сарфаю сариштакунанда шинохта шудааст, — гуфт Фавзия ал Бакр. — Зимни харидани ашёи рӯзгор ва автомобил сухани зан ҳалкунанда мебошад. Дар Арабистони Саудӣ ғайр аз маҷаллаҳои хоси бонувон, инчунин дар рӯзномаҳо хостаҳои занон ва мушкилоти онҳо инъикос мегардад. Сармуҳаррири яке аз рӯзномаҳои англисии шоҳигарӣ низ хонум аст.
Барои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо фармони шоҳи Арабистони Саудӣ Комиссияи «Амнул усра» (Амнияти оила) таъсис дода шудааст. Намояндагиҳои комиссия ба шифохонаҳо рафта, зарбу латхӯрдагонро таҳқиқ ва шиканҷадиҳандагонро муайян менамоянд. Умуман, солҳои охир дар самти баробарии ҳуқуқи мардону занон дар шоҳигарӣ корҳои назаррас сурат гирифта, нақшаҳои зиёде дар пешанд.
Фавзия ал Бакр ба саволҳои ширкаткунандагони чорабинӣ посух дода, аз меҳмоннавозии тоҷикон изҳори хушнудию сипос кард.
- Барои мо шарафи бузург аст, ки меҳмони тоҷикон шудем, — гуфт Фавзия ал Бакр. — Тоҷикистон кишвари зебоманзар, дорои шаҳру деҳоти обод, кӯчаву хиёбонҳои тозаву озода ва мардуми меҳмоннавоз мебошад. Мехоҳам ба марказҳои илмӣ рафта, бо дастовардҳои олимаҳои тоҷик ошно шавам.
Корманди масъули Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Ашшаҳрӣ хабар дод, ки феврали соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Ӯ аз олимаҳои тоҷик даъват ба амал овард, ки дар он ширкат варзанд.
С. Суннатӣ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев