«Табдил»-и корхона ба манзили зист магар хусусигардонист?

№58 (3852) 12.05.2018

2 (2)Вақти он расидааст, ки субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» вобаста ба масъулияти соҳибмулк иқдом намоянд

Зеро аксар раисони тозатаъини вилояту ноҳияҳо дар марҳилаи аввали соҳибмансабӣ ваъда медиҳанд, ки ҷиҳати роҳандозии фаъолияти корхонаҳои хусусигардонидашудае, ки бинобар холабеғамии соҳибмулкон аз фаъолият бозмондаанд, иқдом менамоянд. Вале бо гузашти вақт тасмимашон ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, дар зеҳни аҳли ҷомеа андешаеро тақвият мебахшад, ки «таги коса нимкосае ҳаст».

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тат­биқи «Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 — 2013», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 тасдиқ гардид, хусусигардонии 424 корхонаи миёнаю калон ва реструктуризатсияи 38 субъекти монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон ба анҷом расонида шуд. Илова бар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, №557 «Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2016» тасдиқ шуд, ки ҷиҳати хусусигардонии 50 ҷамъияти саҳомии кушода ва зиёда аз 80 корхонаи давлатӣ андешидани чораҳои дахлдорро пешбинӣ менамуд. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки соли 2010 — ум 292, соли 2011 — ум 252, соли 2012 — ум 297 ва соли 2013 — ум 295 ва солҳои минбаъда бо теъдоди гуногун иншооти давлатӣ хусусӣ гардонида шудааст.

Мутаассифона, аксар нафароне, ки корхонаву иншооти таъиноти гуногунро хусусӣ намуданд, моҳият ва аҳдофи иқдоми Ҳукуматро дарк накардаанд. Ба ибораи дигар, ба ҷойи «ҳавлӣ» «ҳалво» фаҳмиданд. Ин аст, ки аксар корхонаҳои замоне муқтадир ба «шарофат» — и хусусигардонӣ аз байн рафтанд. Кор то ҷое расидааст, ки як идда бинои корхонаҳои истеҳсолиро ба манзили истиқоматӣ табдил додаанду масъулини идораҳои зиддахл, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ комилан бетафовутанд.

Тавре аз муҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бармеояд, он муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлатӣ муқаррар менамояд. Чунонки дар шарҳи мафҳуми хусусигардонӣ зикр шудааст, он фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом дода мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 8, тамоми амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкунӣ, қарзҳо, ҳуқуқҳои истисноӣ, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд, бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлатӣ ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад, амволи алоҳидаи (ҷудокардашуда, ки махсус барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудаанд) корхонаи давлатӣ, саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат объектҳои хусусигардонӣ мебошанд.

Шояд баъзе нафарон надонанд, ки тибқи талаботи моддаи 9 қонуни фавқ, объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти махсуси давлатӣ мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихӣ ва сарвати миллӣ, биноҳо ва иншооти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, системаҳои оби нӯшокӣ, корхонаҳои мудофиа, корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи Неругоҳи барқи обии «Норак», Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хусусӣ гардонида намешаванд. Аз муқаррароти моддаи 15 бармеояд, ки ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро Идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.

Пайгирии масъала собит намуд, ки дар қонунгузории ҷорӣ дахолати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти корхонаҳои хусусигардида, ба истиснои корхонаҳои дар тендерҳои сармоягузорӣ фурӯхташуда, то анҷоми муҳлати иҷрои уҳдадории харидорон мувофиқи шартномаҳои хариду фурӯш пешбинӣ нашудааст. Яъне, дар қонун муқаррарот бобати он ки бинобар фаъолият накардану ғайримақсаднок истифода шудан корхонаи хусусигардонидашударо ба тавозуни давлат баргардонидан имконпазир аст, вуҷуд надорад. Ба ибораи дигар, қонунгузории ҷорӣ баргардонидани объектҳои хусусигардидаро, бинобар фаъолият надоштани онҳо, ба манфиати давлат, пешбинӣ наменамояд.

Ба андешаи инҷониб, маҳз мавҷуд набудани чунин муқаррарот соҳибмулконро холабеғам карда, шароит фароҳам овардааст, ки «худашон шоҳу табъашон вазир» бошад. Шояд вақти он расидааст, ки субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» вобаста ба масъулияти соҳибмулк иқдом намоянд. Масъулин доир ба ин масъала чӣ андеша дошта бошанд?

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»